Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари додситони пешини Узбекистон дар Дубай 4 коргоҳ доштааст


Муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" санадҳоеро дар бораи амволи Алишер Қодиров, писари додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров дар шаҳри Дубай ошкор кардаанд.

Бар асоси санадҳои ошкоршуда, Қодирови хурдӣ дар Дубай ба маблағи наздик ба 8 миллион доллари амрикоӣ амволи ғайриманқул доштааст.

Писари собиқ додситони кулли пешини Узбекистон дар маркази тиҷории "Марина Плаза"-и Дубай чаҳор коргоҳ доштааст, ки ҳар якеи онҳо аз 1.9 то 2.1 миллион доллар арзиш доранд.

Мақомоти Узбекистон Қодирови хурдиро соли 2018 бо гумони "Тамаъҷӯӣ" ва "Тақаллубкорӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор доданд. Ба огаҳии Вазорати корҳои дохилии Узбекистон, ӯ тахминан як рӯз пеш аз боздошти падараш ба Дубай фирор кардааст.

Рашид Қодиров 22-юми феврали соли 2018 боздошт ва бо ҷурми порагирӣ, тақаллуб, фирор аз пардохти андоз, дахолат ба ҷараёни тафтишот ва пулшӯӣ 15 сол зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG