Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи мурғкабоби "заҳролуд"-ро дар Хуҷанд ба додгоҳ фиристодаанд. ВИДЕО


Таҳқиқи парвандаи мурғкабоби олуда дар Хуҷандро хотима доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Таҳқиқи парвандаи мурғкабоби олуда дар Хуҷандро хотима доданд

Ду соҳибкор, чанд корманди идораи беҳдоштӣ ва идораи молиёт (андоз)-и шаҳри Хуҷанд бо парвандаи мавсум ба “мурғкабоб” ҷазо хоҳанд дид. Аз он кабоб ё грил наздик ба 50 шаҳрванд заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гашта буданд.

Манбаъҳои огоҳ аз рафти тафтиш ва як мансабдори Додситонии шаҳри Хуҷанд рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “парвандаи ҷиноӣ алайҳи соҳибкор Муҳсинҷон Тоҷибоев ва бародараш боз шуда, онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои беҳдоштӣ муттаҳаманд. Ин банди қонун аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз ду то се сол корҳои ислоҳӣ ва ё то 2 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.”

Ҳангоми таҳияи гузориш соҳибкорон ба зангҳои мо посух надоданд ва мавқеи онҳо нисбати парванда маълум нест. Қаблан низ Муҳсинҷон Тоҷибоев, соҳиби дӯкон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои халал нарасондан ба тафтишот намехоҳад, дар ин бора гап занад.

Аммо намояндаи додситонӣ мегӯяд, дар доираи ин парванда камбуди кори ниҳодҳои назоратӣ низ ошкор гашта, аз ҷумла нисбати се корманди идораи андоз ва ду корманди идораи беҳдоштии шаҳри Хуҷанд парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Таҳқиқи ҳодиса дар моҳи декабри соли гузашта, баъди он оғоз шуд, ки чандин нафар бо нишонаҳои дарунравӣ, қайкунӣ ва ҳарорати баланд ба Идораи беҳдоштии вилояти Суғд муроҷиат карданд.

Ошкор шуд, ки даҳҳо нафар аз хӯрдани маҳсулоти кабобие, ки дар даромадгоҳи “Афғонбозор” қарор дорад, заҳролуд гаштаанд. Он вақт идораи беҳдоштии вилояти Суғд ба дари дӯкон муҳр зада буд. Аксар заҳролудшудагон, ки масъулон шумораи онро ҳудуди 50 нафар гуфтанд, сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. Пизишкон ҳаёти онҳоро наҷот доданд.

XS
SM
MD
LG