Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиаҳди Саудӣ "масъулият"-и қатли Ҷамол Хошуқҷиро "пазируфт"


Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ – дар филми ҳуҷҷатии шабакаи PBS-и Амрико, ки ҳафтаи оянда пахш хоҳад шуд, худро дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ масъул донистааст.

Бин Салмон гуфтааст, аз он ҷо ки Хошуқҷӣ "таҳти назорати ӯ" ба қатл расид, "тамоми масъулияти ҳодисаро ба дӯш мегирад".

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки барои рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" матлаб менавишт ва аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ буд, рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид ва ҷанҷолеро ба роҳ андохт.

Хадамоти махсуси Амрико ва ҳукуматҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки дастури қатли Хошуқҷиро валиаҳд додааст. Аммо мақомдорони Саудӣ мегӯянд, ӯ дар ин ҳодиса ҳеч нақш надорад.

Дар гузашта подшоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ низ чанд дафъа расман эълон кардаанд, ки аз рух додани ин ҷиноят бехабар буданд.

Муҳаммад бин Салмон дар филми шабакаи PBS ва дар ҷавоб ба суоли он ки чаро аз рух додани ин ҳодиса дар ғафлат монд, гуфтааст, "мо бист миллион аҳолӣ ва се миллион коргари давлатӣ дорем."

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзи 2-юми октябри соли 2018 ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул барои дарёфти санадҳои издивоҷ рафта, нопадид шуд.

Арабистони Саудӣ то ду ҳафтаи пас аз ин ҳодиса, аз он бехабарӣ мекард, аммо баъдан ривояти худро тағйир дод ва дар аввал иддао кард, ки вай дар як "даргирӣ бо мушт" дар дохили консулгарӣ кушта шуд. Сипас таъйид кард, ки қатли ӯ "қасдан" сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG