Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина 20 ҳавопаймои бесарнишини Русияро задааст


Артиши Украина рӯзи 17-уми май гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар шаби гузашта 20 ҳавопаймои бесарнишини Русияро сарнагун карданд.

Ба иттилои манбаъ, ин бесарнишинҳоро дар вилоятҳои Харков, Полтава, Виннитса, Одесса ва Николаев задаанд.

Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нест.

Олеҳ Синеҳубов, волии Харков, гуфт, дар ин минтақа панҷ ҳавопаймои бесарнишинро заданд.

Ба иттилои ӯ, боқимондаҳои ҳавопаймои бесарнишин дар яке аз ноҳияҳои ин минтақа сабаби сӯхтор шудааст.

XS
SM
MD
LG