Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ Арабистони Саудиро масъули қатли Ҷамол Хошуқҷӣ донист


Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми июн дар гузорише муфассал ва дақиқ қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбулро "ҷинояти байналмилалӣ" донист ва хостори таҳқиқи бештар шуд.

Дар ин гузориш омадааст, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дар қатли Хошуқҷӣ нақш доранд. Ҳукумати Арабистони Саудӣ гузориши СММ дар бораи нақши Муҳаммад бин Салмон дар қатли Хошуқҷиро радд кардааст.

Ин гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз санаду нишонаҳо чунин бармеояд, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва дигар мақомҳои баландпояи он кишвар дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ нақш доранд ва бояд дар пайванд бо ин қатл аз онҳо таҳқиқ шавад. Ӯ меафзояд, ки таҳримҳои ҳадафманд алайҳи саудиҳо дар робита ба ин қатл, "бояд валиаҳди Арабистони Саудӣ ва дороиҳои шахсиаш дар хориҷро низ шомил шавад".

Агнес Калламард, гузоришгари вижаи СММ.
Агнес Калламард, гузоришгари вижаи СММ.

Агнес Калламард, гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид дар умури вобаста ба эъдомҳои худсарона ва бидуни ҳукми додгоҳӣ, дар гузориши садсаҳифагии худ ба "нишонаҳои боварибахш" аз эҳтимоли дахолати мақомҳои баландпояи ҳукумати Арабистони Саудӣ дар ин куштор ишора мекунад. Хонум Калламард дар идома гуфтааст, Арабистони Саудӣ бояд масъулияти қатли Хошуқҷиро бипазирад ва ҳар гуна ҷуброни даркориро ба хонаводааш бипардозад.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", ин гузориши садсаҳфаи, ки натиҷаи шаш моҳ таҳқиқ аст, барои мақомҳои Арабистони Саудӣ фиристода шудааст. Одил Ал-Ҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар вокуниш ба гузориши нави СММ гуфтааст, ки ин иттиҳомот "беасос" ва "бидуни поя" ҳастанд ва валиаҳду дигар мақомҳои баландпояи ин кишвар дар ин ҳодиса даст надоранд.

Ба гузориши Бӣ-Бӣ-Сӣ, Одил Ал-Ҷубайр гуфтааст, гузориши Агнес Калламард, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид илова бар "иттиҳомоти бепоя ва асос, дорои тазодҳое аст, ки эътибори онро зери суол мебарад".

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки барои рӯзномаи амрикоии "Вашингтон пост" матлаб менавишт ва аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ буд, рӯзи 2-юми октябри соли гузашта дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид ва ҷанҷолеро ба роҳ андохт, ки ҳанӯз ҳам домони хонадони саудиро раҳо накардааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки рӯзи 2-юми октябр ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул барои дарёфти санадҳо издивоҷ рафта буд, нопадид шуд. Арабистони Саудӣ то ду ҳафтаи пас аз ин ҳодиса, аз он бехабарӣ мекард. Аммо баъдан ривояти худро тағйир дод ва ибтидо иддао кард, ки вай дар як "даргирӣ бо мушт" дар дохили консулгарӣ кушта шуд. Сипас таъйид кард, ки қатли ӯ "қасдан" сурат гирифтааст.

Додситонии кулли ин кишвар баъдан гуфт, ки ҷасади Хошуқҷӣ пора-пора карда шудааст. То ба ҳол сарнавишти ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ маълум нест. Арабистони Саудӣ дар робита ба ин ҳодиса 21 нафарро боздошт кард ва баъдан додситонии он кишвар барои 5 нафари онҳо ҳукми қатл талаб намуд.

Подшоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ то ба ҳол чанд бор расман эълон кардаанд, ки аз рух додани ин ҷиноят бехабар будаанд. Амре, ки аз сӯи чандин шахсият ва созмон, аз ҷумла Созмони истихбороти марказии Амрико радд шудааст.

Ҳоло гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора, бар фишорҳо ба хонадони Оли Саъуд хоҳад афзуд. Дар гузориши хонум Калламард, Ҷамол Хошуқҷӣ "қурбонии эъдоми барқасдона ва аз пешбарномарезишуда", гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG