Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон Пост: “СIA мегӯяд, дастури қатли Хошуқҷиро валиаҳди Саудӣ додааст”


Муҳаммад бин Салмон

Мақомҳои Идораи марказии истихбороти Амрико (CIA) бовар доранд, ки дастури қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, мунтақиди сиёсатҳои Риёзро Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ – додааст. Дар ин бора рӯзномаи “Вашингтон Пост” рӯзи 17-уми ноябр бо такя ба мақомҳои амрикоӣ гузориш дод. Дертар ин хабарро оҷонсиҳои "Ассошиайтед Пресс" ва "Ройтерс" ҳам тасдиқ карданд.

Бар асоси гузориш, CIA пас аз баррасии далелҳо ва иттилооте, ки аз чанд манбаъ дарёфт кардааст, ба чунин натиҷа расидааст. Ин далелҳо, аз ҷумла тамоси телефонии Холид бин Салмон – бародари Муҳаммад бин Салмон ва сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико бо Ҷамол Хошуқҷӣ будааст.

Ҳамчунин, як сабти аудиоӣ, ки онро мақомоти Туркия дар ихтиёри Амрико гузоштаанд.

Манобеи огоҳ ба “Вашингтон Пост” гуфтаанд, Холид бин Салмон ба Ҷамол Хошуқҷӣ гуфтааст, барои дарёфти санади издивоҷ ба консулгарии Саудӣ дар Истанбул муроҷиат кунад. Ҷое, ки Хошуқҷӣ дар онҷо ба қатл расид. Номзади Ҷамол Хошуқҷӣ аз Туркия буд.

Бар пояи гузориши "Вашингтон Пост", Холид бин Салмон ба Ҷамол Хошуқҷӣ итминон додааст, ки дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул дар амон хоҳад буд. Аммо бо ин ҳол мушаххас нест, ки оё Холид бин Салмон он замон медонист, Ҷамол Хошуқҷӣ кушта хоҳад шуд, ё не.

Сухангӯи сафорати Арабистони Саудӣ дар Амрико гуфутугӯи Холид бин Салмон бо Ҷамол Хошуқҷиро тасдиқ карда, вале гуфтааст, сафир ба Хошуқҷӣ нагуфта буд, ба Туркия биравад. "Ончӣ дар гузориш иддао шудааст, ғалат аст", - афзудааст ӯ.

Холид бин Салмон, сафири Арабистони Саудӣ, рӯзи 17-уми ноябр дар "Твиттер" ҳамагуна тамоси телефониро бо Ҷамол Хошуқҷӣ рад кардаст.

Давлати Арабистони Саудӣ пеш аз ин эълон карда буд, ки Муҳаммад бин Салмон дар ин ҳодиса ҳеч нақш надорад. Аммо шуморе аз мақомоти аршади амниятии Арабистони Саудӣ, ки наздик ба валиаҳд ба шумор мераванд, аз ҷумла генерал Аҳмад Асирӣ ва Сауд ал-Қаҳтонӣ, дар пайи куштори Хошуқҷӣ барканор шуданд.

Ҷамол Хошуқҷӣ ба унвони мунтақиди валиаҳди Арабистони Саудӣ шинохта мешуд. Ӯ, ки дар Амрико зиндагӣ ва барои рӯзномаи “Вашингтон Пост” кор мекард, рӯзи дувуми октябр имсол барои дарёфти санаде ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истанбул ворид шуд, вале дигар берун наомад.

Дертар мақомоти Туркия гуфтанд, ки дар дохили консулгарӣ ӯро нафасгир карда куштаанд ва ҷасадашро пора-пора кардаанд.

Арабистони Саудӣ дар аввал қатли Ҷамол Хошуқҷиро инкор мекард, вале баъдан гуфт, ин корро “одамони худсар” кардаанд. Додгоҳи Арабистони Саудӣ дар робита ба ин ҳодиса панҷ нафарро ба эъдом ё қатл маҳкум намудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG