Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Ғариёнӣ: "Касе ки ҳоло ба Макка ҳаҷ меравад, ба ҷои савоб гуноҳ мегирад"


Ба дунболи шайх Юсуф Ал-Қарзовӣ муфтии Либия, Содиқ Ал-Ғариёнӣ аз мусалмонон даъват кард, ки ҳаҷҷи соли 2019-ро таҳрим кунанд. Ал-Ғариёнӣ мегӯяд, ҳар касе ки ҳоло ба Макка ҳаҷ меравад, ба ҷои савоб гуноҳ мегирад. Бисёре аз мусалмонон ин даъватро намепазиранд, вале бархи дигар аз он пайравӣ мекунанд.

Рафторҳои хушунатомези Арабистони Саудӣ дар минтақа, ба обрӯи Риёз латма задааст ва бетаваҷҷӯҳии комили он ба ҳуқуқи инсон олимон ва донишмандони исломиро водор кардааст, ки аз "мусалмонони парҳезгор" бихоҳанд, мавсими ҳаҷҷи имсолро таҳрим кунанд. Мавсими Ҳаҷҷи имсола моҳи август шурӯъ мешавад.

Дар ончӣ, ки иттифоқ меафтад, то кадом андоза валиаҳд Муҳаммад бин Салмон, ки дар ҳукумати зери раҳбарии падараш ҳокими аслии Арабистони Саудӣ дониста мешавад, гунаҳкор аст?

Дуроҳаи торики Арабистони Саудӣ

Муҳаммад бин Салмон дар солҳои ахир талошҳои қобили таваҷҷӯҳе кард, ки чеҳраи Арабистони Саудиро дар арсаи байналмилалӣ мусбат нишон диҳад ва дар пайи ислоҳоти, ба истилоҳ либералӣ ва бештар бозу озодтар кардани кишвар аст.

То ҳамин авохир низоми давлатдорӣ ва умури зиндагӣ дар Саудӣ танҳо бар асоси як дастур, ки Қонуни асосӣ номида мешавад, пеш бурда мешуд. Тибқи он, Саудӣ як салтанати мутлақи теократӣ ё динӣ аст ва бар асоси қонунҳои шариат аз сӯи фарзандон ва набераҳои бунёдгузори ин кишвар Абдулазиз идора мешавад.

Аммо таҳти таъсири шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, барои намуна, қарори салтанатие ба тасвиб расид, ки занон иҷоза ёфтанд, мустақилона ронандагӣ кунанд ва ин қонун сар аз моҳи июни соли 2018 амалӣ шуд. Ҳамин тариқ, ба тадриҷ мамнуияти ҳузури занон дар синамоҳо ва чорабиниҳои варзишӣ низ бекор шуд.

Баъдан Муҳаммад бин Салмон ба таври ногаҳонӣ эълон кард, ки Арабистони Саудӣ ҳадаф дорад, ки то соли 2030 солона то 30 миллион сайёҳро ҷалб кунад. То соли 2020 мақомоти Саудӣ нақша доранд барои рушди сайёҳӣ ва зербиноҳои он на камтар аз 35 миллиард доллар сармоя гузоранд. Дар гоми аввал -- таъсиси истироҳатгоҳҳо дар 50 ҷазираи Баҳри Сурх мебошад. Харҷи танҳо як тарҳи аз лиҳози фаннӣ пешрафтаи он 500 миллиард доллар тахмин зада мешавад.

Бо ин ҳол, ин ҳанӯз барои рӯйпуш кардани сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии хашини рӯ ба афзоиш дар ин кишвар, ки худи валиаҳд онҳоро муайян мекунад, басанда нест. Арабистони Саудӣ эҳтимолан ягона кишвари дар ҷаҳон боқӣ мемонад, он тавре, ки дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар омадааст, ки ҳар сол ба таври расмӣ эъдоми даҳҳо танро дар мазҳари ом анҷом медиҳад.

Афзоиши пайвастаи шумораи қурбониёни ғайринизомӣ, ки тавассути бомбаҳои саудӣ дар Яман кушта мешаванд, қатли ваҳшиёнаи рӯзноманигори мунтақид ва веблогнавис Ҷамол Хошуқчӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул ва фишорҳои давомдори Риёз дар бӯҳрони Эрон дар вақтҳои ахир, ҳатто бархе аз муттаҳидони Саудӣ, аз ҷумла кишварҳои суннимазҳабро низ дар мавриди имкони ҳимояти бештар аз подшоҳии Арабистон дудила кардааст.

Нигаҳбони Байтулҳарам

Нуфузи Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислом фаротар аз қаламрави кишварҳои араб доман мекашад. Ин кишвар нигаҳбони ду шаҳри муқаддаси мусалмонон, Макка ва Мадина аст. Дар Макка Каъба воқеъ аст ва дар Мадина қабри паёмбар Муҳаммад. Дар мавсими ҳаҷ солона ҳадди акқал 2 миллиону 300 ҳазор мусалмони пайрави равияҳои гуногун ба Макка мераванд.

Ин пайванди хонадони ҳокими Саудӣ бо ислом, бисёре аз сарони ҷаҳони араби сунниро тайи солҳо водор кард, ки масъалаҳои мазҳабӣ ва сиёсиро бо ин кишвар машварат кунанд.

Пас аз Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, ба хотири тарс аз густариши идеяҳои он дар минтақа, Арабистони Саудӣ миллиардҳо долларро барои паҳн кардани “бренд”-и исломи худӣ, яъне “ваҳҳобия” ба берун, дар дараҷаи аввал бо сармоягузорӣ барои бунёди масҷидҳо ва марказҳои мухталифи омӯзиши динӣ, аз Бритониё то Индунезӣ, харҷ кард. Баъдан бисёре аз ин масоҷид ва марказҳо ба рушд ва маҳбубияти идеяҳои ифротии ҷиҳодӣ мусоидат карданд, ба вижа дар кишварҳои ғарбӣ – ҷавонони пурэҳсос, аммо камсавод аз хонаводаҳои муҳоҷирон, шикори хутбаҳои касоне шуданд, ки ба назари онҳо сафирони раҳбари воқеии ҷаҳони ислом буданд.

Дар тӯли солҳо Риёз талоши зиёд кард, ки ба як қудрати мутлақ дар Ховари Миёнаи Бузург табдил ёбад. Амре, ки дар солҳои ахир танҳо аз сӯи Теҳрон ба чолиш кашида шуд. Арабистони Саудӣ ба унвои бузургтарин содиркунандаи нафт дар ҷаҳон ва кишваре, ки бо Амрико робитаҳои танготанг дорад, дар тӯли даҳаҳо аз ҳимояти бисёре аз кишварҳои ҳамсоя бархурдор аст.

Дар тамоми Ховари Миёна ва дигар кишварҳои мусалмоннишин хашму ғазаб аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ва ҳамчунин шумораи рӯ ба афзоиши кушташудаҳои яманӣ, ки интизор меравад то соли 2020 бинобар ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи гурӯҳи маҳаллии Ҳусиҳо, ба 230 ҳазор нафар бирасад, рӯ ба афзоиш аст.

Нерӯҳои Арабистони Саудӣ бемористонҳо, маросимҳои ҷаноза, автобусҳои ҳомили кӯдакон ва арӯсиҳоро бамборон мекунанд. Ба ҳамин далел, даргириҳои солонаи Яман тавассути мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ба унвони "бадтарин бӯҳрони инсонии маснуии замони мо" унвон шудааст.

Рафторҳои Арабистони Саудӣ боиси ҷудоӣ дар эътилофи таҳти раҳбарии ин кишвар шудааст -- раҳбарияти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ахиран норизоятии худро нисбат ба рафтори ин муттаҳиди худ эълон карданд.

Иқдомоти Арабистони Саудӣ илова бар ин, боиси сару садоҳое дар Ғарб ҷиҳати мамнуияти тиҷорати аслиҳа бо ин кишвар шудааст. Ҳар ду палатаи Конгресси Амрико ахиран созишҳои миёни Риёз ва президент Доналд Трампро ба таъхир андохтанд. Олмон тиҷорати аслиҳа бо Саудиро дар моҳи октябри соли гузашта манъ кард ва Швейтсария ва Итолиё низ аз ин иқдом дастгирӣ карданд. Дар Бритониё додгоҳ ахиран қарор кард, ки шатномаҳои қаблии фурӯши аслиҳа миёни Лондон ва Арабистони Саудӣ эҳтимол дорад, ғайриқонунӣ бошанд.

Таъсири вазъи сиёсӣ ба фазои динӣ

Ин ҳама норизоятӣ, ба таври ошкор дар фазои динӣ низ таъсир гузоштааст. Масалан, дар авохири моҳи апрели соли 2019 яке а донишмандони машҳури аҳли суннат аз Либия, муфтии он кишвар Содиқ Ал-Ғариёнӣ аз мусалмонон даъват кард, ки ҳаҷҷи соли 2019-ро таҳрим кунанд. Ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба шумор меравад ва ба ҳар мусалмони солим ва доро давоми умр як бор фарз аст.

Ал-Ғариёнӣ аз ин фаротар рафта ва мегӯяд, ҳар касе ки ҳоло ба Макка ҳаҷ меравад, ба ҷои савоб муртакиби гуноҳ мешавад. Ба таври хос ӯ гуфт, "далели аслӣ барои ман барои таҳрими ҳаҷ дар ҳоли ҳозир ин боварам аст, ки Риёз даромади ҳангуфте аз хидмат ба миллионҳо зоирони мусалмон дарёфт мекунад. Ва ин боиси хариди силоҳ ва идомаи таҷовуз алайҳи Яман мешавад ва ба таври ғайримустақим Сурия, Либия, Тунис, Судон ва Алҷазоир. Мақомоти Саудӣ ҳамчунон ба ҳимоят аз режимҳои диктаторӣ ва ё нерӯҳои маҳаллии иртиҷоии худ идома медиҳанд. Пулҳои мо кӯмак мекунад то саудиҳо муртакиби ҷиноят алайҳи бародарони мусалмони мо шаванд".

Муфти Либия нахустин донишманди барҷастаи мусалмон нест, ки идеяи таҳрими ҳаҷро пуштибонӣ кард. Юсуф Ал-Қарзовӣ, аз машҳуртарин донишмандони аҳли суннат ва аз мунтақидони ҳукумати Арабистони Саудӣ дар моҳи августи соли гузашта ба мамнуияти ҳаҷҷи такрорӣ фатво дод ва гуфт, "Худованд вақте, мебинад, ки мусалмонон гуруснаеро таом медиҳанд, бемореро парасторӣ мекунанд ва бехонаеро сарпаноҳ медиҳанд, онҳоро бештар аз касоне, ки пулашонро бар ҳаҷ сарф мекунанд, дӯст медорад.”

Дар соли 2011 Арабистони Саудӣ бо дархости ҳукумати маҳаллӣ ба таври ваҳшиёна эътирозгарон дар Баҳрайнро саркӯб кард. Тазоҳуроте, ки аз сӯи мусалмонони шиамазҳаб роҳандозӣ шуд. Аксарияти аҳолии Баҳрайнро, ки аз сӯи ақаллияти суннӣ идора мешавад, шиамазҳабон ташкил медиҳанд.

Дар посух, фаъолони маҳаллӣ, ҳам сунниҳо ва ҳам шиаҳо, хостори таҳрими ҳама колоҳои саудӣ дар Ироқ шуданд. Сарвазири пешини Ироқ Нури Ал-Моликӣ изҳор дошт, ки агар Риёз ба мудохила дар умури кишварҳои минтақа ба ҳамин шева идома диҳад, мумкин аст минтақа ба зудӣ даргири як ҷанги мазҳабӣ шавад.

Аз 5-уми июни соли 2017 дар Халиҷи Форс ба истилоҳ "бӯҳрони Қатар" идома дорад – Арабистони Саудӣ ва муттаҳидони он бо Давҳа робитаҳои дипломатии худро қатъ намуда, ин кишварро дар муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ қарор доданд ва алайҳи он таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ намуданд.

Ин кишварҳо ба Қатар барои одисозии равобит 13 шарт пешниҳод карданд, ки бастани шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, қатъи робита бо Эрон, бастани пойгоҳи низомии Туркия дар он кишвар, аз ҷумлаи онҳо буд. Қатар ҳамаи ин шартҳоро рад кард. Амири Қатар Тамим Ас-Сонӣ дар чандин мусоҳибаҳои телевизионии худ изҳор дошт, ки Риёз талош мекунад, ки ҳукуматро дар ин кишвар тағйир диҳад ва ба ҳамин далел, талабҳои амалинашаванда пеш меорад.

Ин матлаб аз тарафи шореҳи байнулмилалии Радио Свобода Александр Гостев таҳия шуда, асли он дар ин ҷо рӯзи 4 июн нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG