Раҳбарони Русия ва Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки гурӯҳи ОПЕК ва дигар тавлидкунандагони азими нафт мувофиқат кардаанд, ки қарори содироти тавлиди нафт барои боло бурдани қимати он дар бозорҳои ҷаҳонӣ тамдид карда шавад. Владимир Путин рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Осака дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар гуфт, ки Русияву Арабистони Саудӣ тарафдори тамдид ҳастанд ва афзуд: “Бояд тасмим бигирем, ки 6 моҳ бошад, ё 9 моҳ. Шояд 9 моҳ шавад.”
Путин дар ин бора баъди мулоқот бо Муҳаммад Бин Салмон, валиаҳди шоҳи Арабистони Саудӣ сӯҳбат кард. Холид ал Фолиҳ, вазири энержии Саудӣ гуфт, ғолибан қарор барои 9 моҳи дигар тамдид мешавад, вале содироти нафт аз ҳаҷми муқарраршуда коҳиш нахоҳад ёфт.
Созмони ОПЕК, кишварҳои асосии тавлидкунандаи нафт, Русия ва дигар кишварҳои нафтхез гурӯҳеро бо номи ОПЕК+ таъсис доданд, то ки қимати нафтро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳангоми бисёр паст шуданаш боло баранд ва ё баръакс ҳангоми боло рафтанаш бо арзаи зиёд ба бозор қимати онро поин биёранд. Муҳлати қарори пешин дар бораи то 1 миллиону 200 ҳазор бӯшка кам кардани содирот рӯзи 30-уми июн ба поён расид. Қарори навро рӯзҳои 1-ум ва 2-уми июл дар Вена баррасӣ мекунанд.