Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон

Субҳи 17-уми август, пас аз 4 моҳи таътил, дари мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон ба рӯи хонандагону донишҷӯён боз шуд. Дар даромадгоҳи аксар мактабҳо баъд аз пок кардани дастон ва санҷиши ҳарорати бадан, вуруди мактаббачаҳоро ба саҳни мактаб иҷозат медоданд. Ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон дарсҳо на дар аввали сентябр, балки дар моҳи август оғоз мешаванд. Пандемияи коронавирус санаи оғози таҳсил ва шеваи қабули хонандагонро ба мактаб тағйир дод. Акнун дар баробари дафтару китоб барои хонандагон доштани ниқоб, маҳлулҳои антисептикӣ ва дастпоккунак ҳатмӣ аст. Имсол 232 ҳазору 208 нафар ба синфи якум рафтанд. Ҳамчунин 63 ҳазору 115 нафар барои бори нахуст пушти мизи донишҷӯӣ нишастанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG