Шаби 8 ба 9-уми апрел дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон барф борид. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки шаҳри Хоруғ -- маркази ВМКБ барф наборидааст, аммо дар ноҳияҳои ғарбии ин вилоят барфрезӣ идома дорад. Ҳавошиносони тоҷик эҳтимоли сард шудани ҳаво ва боридани барфро дар рӯзҳои 8-9 -уми апрел пешбинӣ карда буданд. Ба иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои сард ба минтақа аз Русия тавассути Кавказ ворид шудааст. Аксҳо аз хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Бохта, Кӯлоб ва Душанбе.