Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ҷойи худам ва оилаам овоз додам"


"Ба ҷойи худам ва оилаам овоз додам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Дар ҳоле ки Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, гуфт, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар овоздиҳии рӯзи якшанбе ҳеч арзу шикоят нагирифтаанд, бархе аз сокинону хабарнигорон ҳолатҳои раъй додани як нафар ба ҷойи чанд нафарро шоҳид шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳо ҳар нафар бояд дар 5 барга мавқеи худро дар интихобот муайян кунад. Дар ҳавзаи 45-и ноҳияи Вахш дар ҳузури нозирон ва масъулони қитъаи овоздиҳӣ бархе аз сокинон ба қуттӣ аз 5 барга зиёд мепартофтанд. Баъзеҳо бо ду даъватнома ба ҳавзаҳои ройдиҳӣ ҳозир шуда буданд. Ёрмаҳмад Асоев, раиси ҳавзаи рақами 21-и ноҳияи Вахш ин ҳолатро тасдиқ кард, аммо гуфт, “ин якум ҳолат аст. Хато шудааст.” Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба поён расид ва натиҷаҳои аввал рӯзи 2-юми март эълон мешавад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG