Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози иди Фитр дар масҷиди марказии Тоҷикистон

Намози иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6-и субҳи 5-уми июн хонда шуд.

Ин маросим ба фарқ аз солҳои гузашта бо ҳузури ками сокинон баргузор гардид ва аз мақомоти давлатӣ низ касе барои табрики намозгузорон наомад.

Дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе чун солҳои қаблӣ намози ид зери чораҳои амниятӣ баргузор шуд. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавъизаи пеш аз намоз аз аҳли масҷид хост, ки “шукронаи тинҷию амонӣ”-ро ба ҷой оранд.


XS
SM
MD
LG