Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлия дар бораи ошӯби Хуҷанд посух надод. ВИДЕО


Рустами Шоҳмурод

Вазири адлияи Тоҷикистон аз посух гуфтан ба суолҳо дар бораи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ кард. Рустами Шоҳмурод рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тафтиши ошӯб ҳанӯз аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад.

Дар интизори натиҷаҳои тафтишот

"Аз мақомоти тафтишотӣ ягон гузориши дастрас нашудааст. Ва фикр мекунам, имрӯз дар бораи сабабҳои он гуфтани ман дуруст нест. Тафтишот бояд ҳамаи инро муайян кунад. Пас аз анҷоми таҳқиқ аз тарафи Додситонии кул натиҷаҳо ошкор мешаванд", - афзуд ӯ.

Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро дар ошӯби зиндони Хуҷанд то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷавоб ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди шумораи кушташудаҳои ин ошӯб гуфт, "қаблан вазири корҳои хориҷӣ омори дақиқи кушташудаҳоро гуфта буд". Рустами Шоҳмурод гуфт, ҳақ надорад аз ин бештар иттилоъ бидиҳад.

Мақомоти дигари тоҷик низ то ба ҳол дар мавриди ошӯби шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд маълумоти зиёде надодаанд. Танҳо Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов) – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон кард, ки дар исёни зиндони Хуҷанд 21 ошӯбгар "безарар гардонда шуд".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Вазири адлия нагуфт, ки дар зиндони Хуҷанд чӣ гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Ба иттилои вазири умури хориҷӣ, дар маҷмӯъ дар ошӯби зиндони Хуҷанд 25 нафар ба ҳалокат расид. Аз миёни онҳо ду зиндонбон ва ду зиндонӣ аз ҷониби зиндониҳо кушта шуданд. Ба қавли ӯ, 12 нафари онҳо ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок карда, 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии "Ансоруллоҳ", Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ будаанд.

Зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд.
Зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса панҷ зиндонбон шадидан захмӣ гардиданд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ошӯбгарон дар гузашта барои вайрон кардани қоидаи будубош дар зиндон ҷазои интизомӣ гирифта буданд.

Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро дар ошӯби зиндони Хуҷанд то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.

Барканориҳо пас аз ошӯб дар зиндон

Дар пайи ин ҳодиса Иззатулло Шарифзода, раҳбари Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр аз мақом барканор шуд. Ӯ дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард. Ҳамчунин чанд масъули дигари идораи зиндонҳо дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Ба ҷойи Иззатулло Шарифзода ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо, Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро ҳоло гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва ба гуфтаи манобеи наздик ба он, ин парванда муҳри махфӣ гирифтааст.

​Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG