Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Баъди шикояти модарам маро шиканҷа карданд” – Нома аз зиндон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
  • “Салом. Номи ман Озод Қодиров. Баъди шикояте, ки модарам кард, масъулони маҳбас маро сахт латту кӯб карданд. Аз по зада афтонданд ва ҳар як нозир ба рӯям зада, қариб буд чашмонамро кӯр кунанд. Онҳо таҳдид карданд, ки то боқӣ мондани адои ҷазо рӯзи хуб намедиҳанд...”
  • Ин порае аз номаи Озод Қодиров, зиндонии маҳбаси рақами яки шаҳри Бохтар аст, ки рӯзи 21-уми декабр ба дасти Радиои Озодӣ расид.
Дар ҳолати қонунвайронкунии дохили муассиса, дар доираи қонун муҷозот мешаванд, вале латту кӯбу шиканҷа нест. Як писари бузбалаи фарбеҳ ва бедард аст

"Баданашро бо теғ буридааст"

Нома моҳи майи имсол ва дар 28 саҳифаи борик навишта шудааст. Қодирови 30-сола аз он шикоят дорад, ки пас аз муроҷиати наздиконаш ба Додситонии кул аз рӯи нозирони маҳбас шиканҷа нисбат ба ӯ афзудааст.

Озод Қодиров дар номаи худ аз президенти Тоҷикистон, Додситони кул ва созмонҳои байналмилалӣ кумак хостааст. Шоираи тоҷик Нориннисо Фозилова, модари Озод Қодиров, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номаро писараш ду моҳ пеш дар як вохӯрӣ ба дасташ дода буд. Аммо модар мегӯяд, аз тарси инки вазъи писараш бадтар нашавад, то имрӯз онро расонаӣ накард.

Даврони кӯдакӣ. Озод Қодиров бо модараш шоираи тоҷик Нориннисо Фозилова. Акс аз бойгонии хонаводагӣ
Даврони кӯдакӣ. Озод Қодиров бо модараш шоираи тоҷик Нориннисо Фозилова. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

Чанд вақт пеш талоши худкушии писар ин модарро водор кардааст, ки дархости кумак кунад. “Рӯзи 14-уми декабр вохӯрӣ доштам. Ду рухсорааш кабуд буд. Барои чойдамкунӣ хестам, ки баданашро бо теғ буридааст. Бо ҳамин 3 рӯз истодам ва ӯро ором кардам. Ӯ аз зиндагии таҳти шиканҷа безор шудааст", - нақл кард Нориннисо Фозилова.

"Гуфт, ба куҷое муроҷиат мекунӣ, кун"

Озод Қодиров даҳ сол пеш бо ҷурми одамрабоӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Нориннисо Фозилова мегӯяд, дар тамоми ин муддат барои ҳифзи обрӯи худ ба ҷое муроҷиат накард ва баъди шиканҷаҳои пайдарпайи шадид дар як соли охир дигар сабраш лабрез шуд ва моҳи май барои наҷоти фарзанд ба Додситони кул муроҷиат намуд.

Ӯ гуфт, "аввал кӯшиш кардам, тавассути шиносу дӯстон пеши роҳи шиканҷа гирифта шавад. Хостам ба раиси муассиса муроҷиат кунам, қабул накард, баръакс, дағалӣ намуд. Дигар тоқатам тоқ шуд. Тарсидам, ки ӯро мекушанд. Аз ноилоҷӣ ба додситонӣ муроҷиат кардам."

"Пас аз шикоят шиканҷа бештар шуд"

Фозилова мегӯяд, дар пайи муроҷиаташ, додситонӣ ба тафтиш шурӯъ кард, вале дар хулосаҳои расмӣ шикояти шиканҷа шудани Озод Қодиров тасдиқ нашуд. Ба гуфтаи Нориннисо Фозилова, пас аз як моҳи ин тафтишҳо шиканҷаву азоби писараш сангинтар шуд. "Ба ғайр аз таҷовуз дигар ҳама корро дар ҳаққаш раво дидаанд. Таҳқир кардаву ба навор гирифтаанд", - афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки санҷидани дурустии ин иддао тавассути манобеи мустақил имкон надорад, мақомоти зиндон тамоми ин шикоятҳоро беасос меноманд.

Масъулин шиканҷаи Озод Қодировро рад карданд

Масъулони маҳбаси Бохтар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Озод Қодировро рад карданд. Ба гуфтаи Ҳусниддин Давлатов, сардори шӯъбаи махсуси маҳбаси рақами яки шаҳри Бохтар, Озод Қодиров дар ин зиндон дар низоми махсус адои ҷазо мекунад.

“Инҷо қонун ҳаст, назорат ҳаст, роҳбарият ҳаст. 13 сол мӯҳлати ҷазо дорад ва чанд дафъа аст, ки муҳлаташ дароз карда мешавад. Дар ҳолати қонунвайронкунии дохили муассиса, дар доираи қонун муҷозот мешаванд, вале латту кӯбу шиканҷа нест. Як писари бузбалаи фарбеҳ ва бедард аст”, - гуфт ӯ.

"Зиндониён аз тарс шикоят намекунанд"

Ин масъули муассисаи ислоҳотии Бохтар мегӯяд, фаъолияти онҳо аз ҷониби чанд ниҳод пайваста назорат мешавад ва баръакс зиндониёне, ки барои шиканҷа шудан ба мақомот шикоят бурдаанд, зери назари махсус қарор мегиранд, ки шиканҷа нашаванд. Ӯ гуфт, “роҳбари муассиса худаш зиндониёнро қабул мекунад ва нисбат ба кадом корманде шикоят доранд, аз ӯ баёнот мегирад ва танбеҳ медиҳад. Баъди ҳар шикоят назорат дучанд мешавад, ки бо маҳбусон муомила беҳтар шавад.”

Ин дар ҳолест, ки Озод Қодиров дар номааш аз зиндон навиштааст, аз тарси кормандони муассисаи зиндониён шикоят намекунанд. “Агар ягон маҳбус шикоят кунад, дигар маҳбусон аз тарси кормандони муассиса бар зидди ин маҳбус шикоят мекунанд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки касоне шоҳидӣ медиҳанд, зери назорати шахсиси худатон қарор диҳед, ки онҳоро ба ҳалокат нарасонанд", - гуфтааст дар номаи худ ин зиндонӣ.

Чӣ гуна Озоди варзишгар ба зиндон рафт?

Ба гуфтаи Нориннисо Фозилова – модари Озод Қодиров – як баҳси падар барои баргардонидани пули қарзаш аз нафаре пойи писарро, ки он замон 19-сола буд, ба зиндон кашид. Соли 2008 Озод бо падараш дар одамрабоӣ гунаҳкор шуд ва ҳоло ҳарду дар зиндонҳои мухталиф ба сар мебаранд.

Озод Қодиров бо падару модараш. Даврони кӯдакӣ. Акс аз бойгонии хонаводагӣ
Озод Қодиров бо падару модараш. Даврони кӯдакӣ. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

Аз назари модар, писари варзишкораш замоне ба зиндон рафт, ки метавонист карйераи хуби варзишӣ кунад ва дар остонаи як сабқати муҳими бокс қарор дошт. Ӯ соле пеш аз маҳкум шудан ба зиндон, дар як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс қаҳрамон шуд. Модар мегӯяд, вақте писар зиндонӣ шуд, аз ӯ ранҷид, афсурда шуд ва давоми се сол ба аёдаташ нарафт, то ки, ба гуфтаи ӯ, барои кардааш посух диҳад.

Ба гуфтаи Нориннисо Фозилова, то имрӯз бо вуҷуди дархости писар, аз муроҷиат ба созмонҳои ҳуқуқи башар ё Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накард. Зеро мегӯяд, дар таҷрибаи наздикони зиндониёни дигар дидааст, ки дар аксар ҳолат шикояту талошҳои онҳо бенатиҷа буд.

Шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон

Тибқи як таҳлили Эътилофи зидди шиканҷа дар шаш соли ахир 200 нафар аз амалкардҳои мақомоти интизомӣ, аз ҷумла шиканҷаву бадрафторӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд. Ахиран Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ карда, дар хулосаи худ гуфт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Дар пайи ошуби маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, дар охири моҳи ноябр, ки бо марги 25 нафар анҷомид, мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи қазияро ба роҳ монданд. Ҷузъиёти тафтиш нашр намешавад. Мақомот дар робита бо навиштаҳои бархе матбуот ҳам ҳанӯз изҳори назар накардаанд, ки шояд сабаби сар задани ошӯб бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо бошад.

Вале баъди аз кор рафтани раҳбари собиқадори зиндонҳо Иззатулло Шарифов дар моҳи ноябр, раҳбари нави раёсати зиндонҳо Мансурҷон Умаров, дар нахустин сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт, корро аз омӯзиши вазъи зиндонҳо дар кишвар оғоз кардааст. Ӯ ваъда кард, ки тамоми амалҳои ӯ дар доираи қонун "Дар бораи адои ҷазо" сурат хоҳанд гирифт.

Масъулини зиндони Бохтар таъйид мекунанд, ки баъди ин тағйирот назорат аз болои зиндонҳо сахттар шудааст.

XS
SM
MD
LG