Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх ба зиндонҳои Тоҷикистон роҳ наёфт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки дар аввали ҳамин ҳафта ба дархости намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои таҳқиқи вазъи зиндонҳои кишвар посухи рад додаанд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Дар мулоқоте, ки бо масъулини Созмони Салиби Сурх дар Тоҷикистон доштем, оид ба ин масъала мо ба таври қатъӣ гуфтем, ки бар асоси қонунгузориҳои Тоҷикистон намояндагони он ҳаққи вуруд ба зиндонҳоро надоранд ва ин ҳақ ба онҳо дода намешавад.”

Ба гуфтаи вазир, чанд соли ахир онҳо чанд маротиба дар бораи вуруди намояндагони созмон ба зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо нома дарёфт кардаанд.

“Ин хости ҳар давлат аст, мо метавонем, иҷозат диҳем, метавонем иҷозат надиҳем” - гуфт, Рустами Шоҳмурод.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, омодаанд, ба Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх иҷозаи таҳқиқи зиндонҳои Тоҷикистонро бидиҳанд, вале онҳо бояд мақомотро қаблан огаҳ кунанд, ки кай мехоҳанд, ба дидани зиндониёну зиндонҳо биёянд.

Аммо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бар асоси муқаррароташ мехоҳад, боздид аз зиндонҳо ногаҳонӣ сурат бигирад, то мақомот зиндонҳоро аз пеш барои боздид омода накунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки шароити нигаҳдории зиндониён дар Тоҷикистон бад аст ва бадрафторӣ бо маҳбусон зиёд ба назар мерасад.

Рустами Шоҳмурод, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки тайи чанд сол аст, ки намояндагони Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва зидди шиканҷаи Тоҷикистон вориди маҳбасҳо мешаванд ва вазъи онҳоро таҳқиқ мекунанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурх борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон иҷоза бидиҳад, вазъи зиндонҳоро таҳқиқ кунад, ки то куҷо ба ҳуқуқи зиндониён эҳтиром мегузоранд ва шароити нигаҳдориашон чӣ гуна аст. Созмони Милал ҳам борҳо аз Тоҷикистон хостааст, дархостҳои Салиби Сурхро бипазирад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи зиндонҳои кишвар назар ба солҳои гузашта ва бо афзоиши маблағгузорӣ беҳтар шудааст, вале айни замон ба гуфтаи онҳо зиндон «ҷойи истироҳат нест.»

XS
SM
MD
LG