Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи СММ ба Тоҷикистон: Шикоятҳо аз шиканҷа таҳқиқ шавад


Юсуф Раҳмон, додситони кулл ва раиси ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Женева

Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид баъди беш аз бист рӯзи гузориши намояндагони Тоҷикистон дар Женева чанд талоши кишварро барои маҳви ин зуҳурот муҳим донист, аммо айни замон эроду нигарониҳои худро дар як посухи катбӣ баён кард. Матни он рӯзи 28-уми май ба мақомоти тоҷик ирсол ва ҳам дар вебсайти Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон нашр шуд.

Тоҷикистонро зарур аст, ки дастрасии Омбудсмен ба ҳамагуна боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳиро таъмин кунад

89 шикоят, 4 ҷавобгарӣ

Кумита, аз ҷумла, аз барҳамхӯрии Шӯрои адлияи Тоҷикистон, нақшаи миллии мубориза бо қочоқи инсон, барномаи давлатӣ алайҳи хушунати занон дар оила ва қонун “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак” тавсиф кардааст. Вале мегӯяд, Тоҷикистон барои мубориза бо шиканҷа ҳанӯз чанд баста мушкил дорад, ки бояд онро ҳал намояд.

Яке аз мавридҳои нигаронии Кумитаи шиканҷаи Созмони Милал беҷазо мондани маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон будааст. Ин созмон дар хулосаи худ мегӯяд, Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Шоира Давлатова
Шоира Давлатова

Даъват ба ислоҳи моддаи "шиканҷа"

Намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, моддаи “шиканҷа” дар Кодекси ҷиноӣ ба ислоҳ ниёз дорад, ҳамон тавр ки Созмони Милал хостааст.

Шоира Давлатова, раиси созмони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, рӯзи 28-уми май гуфт, “бо ҳамаи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа ошно ҳастем. Дар мавриди моддаи 143, прим. 1-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “шиканҷа”, ки дар тавсияҳои созмон барои ислоҳ зикр шудааст, розием. Зеро мансабдоре, ки ба шиканҷа ва зӯроварию латту кӯб даст мезанад, бар асоси ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷазои миёна мегирад ва муҳлати ҷазои он маҳрум кардан аз озодӣ то панҷ сол мебошад. Мо пешниҳод дорем, ки ин модда ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуда, ҳамчун ҷазои вазнин ва махсусан вазнин пешбинӣ карда шавад”.

Маҳмадалии Ҳаит
Маҳмадалии Ҳаит

Шикоят буд ё набуд?

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал дар бахши дигар аз бетаваҷҷуҳии мақомот дар мавриди хабари шиканҷа шудани Маҳмадалии Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб ва Саидумар Ҳусайнӣ - муовинони раиси ҲНИТ, баъди боздошташон дар соли 2015 нигаронӣ кардааст. Кумита ҳамчунин аз онки тамоми ҷузъиёти тафтишот ва мурофиаи додгоҳии ин афрод “махфӣ” буд, изҳори ташвиш карда, гуфтааст: “Бояд ҷузъиёти таҳқиқи шикоят дар мавриди шиканҷа шудани Маҳмадалии Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб ва Саидумар Ҳусайниро ошкор кунанд”.

Ваколатдори ҳуқуқи инсони назди президенти Тоҷикистон Зариф Ализода, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро дар Женева ҳамроҳӣ мекард, рӯзи 7-уми май дар посух ба суоли шиканҷа шудани ин афрод гуфта буд: “Дар тамоми муҳокимаҳо аз аввал то ба охир намояндаи мо ҳузур дошт ва ҳеҷ гуна шикояте аз онҳо нарасид. На аз ҷаноби Ҳаит ва дигар афроде, ки дар бораашон дар инҷо сухан рафт. Ҳатто баъзе аз онҳо дувакилӣ доштанд. Дар бораи вуҷуд доштани шиканҷа, ростӣ ман ҳамчун омбудсмен, нафаҳмидаам. Аз тарафи онҳо, ё аз тарафи хешовандони онҳо, чунин аризаҳо набуданд.”

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Дасти кӯтоҳи Омбудсмен

Маҳмадалии Ҳаит ва 13 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъди мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҳизб дар соли 2015 ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Онҳоро моҳи июни соли 2016 ба терроризм ва дигар ҷиноятҳои сангин гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад ва солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Дар ҷои дигар Кумитаи зидди шиканҷа аз он нигаронӣ кардааст, ки Обмудсен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муассисаҳои Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, Оҷонси зиддифасод ва дигар мусасисаҳои ислоҳӣ дастрасӣ надорад.

“Тоҷикистонро зарур аст, ки дастрасии Омбудсмен ба ҳамагуна боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳиро таъмин кунад”, - гуфта шудааст дар гузориш.

Зариф Ализода
Зариф Ализода

"Бе тавсияҳои СММ ҳам дастрасии хуб дорем"​

Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бе тавсияҳои Кумитаи шиканҷаи Созмони Миллал ҳам онҳо ба ҳамаи боздоштгоҳҳои муваққатии ниҳодҳои қудратӣ дастрасӣ доранд. “Як нуктаро мехоҳам зикр кунам, ки вазъи боздоштгоҳҳои муваққатӣ, маҳбасҳо ва беморхонаҳои маҳбасҳо рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Албатта, ҳама чӣ беҳтар мешавад”, - афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи зидди шиканҷа хабарҳо дар мавриди марги чанд нафар дар муассисаҳои ислоҳӣ, бо шумули худкушӣ ва бемории силу ВИЧ нигаронӣ кардааст. Кумита барои мисол аз натиҷаи таҳқиқоти марги Қурбон Маннонов, Нозимҷон Ташрифов ва Исмонбой Бобоев дар зиндон нигаронӣ кардааст. Ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳо даст ба кор шуда, ҳамзамон таҳқиқи амиқ ва бетарафонаи марги боздоштшудаҳоро таъмин кунад.

Шуҳрат Қудратов
Шуҳрат Қудратов

Дар бораи вакилони мудофеъ

Кумитаи зидди шиканҷа дар идома аз даъвати баъзе сокинон барои “суҳбат” ба идораҳои пулис ва ҳамчунин қабули қонуни нави адвокатура ибрози нигаронӣ кардааст. Созмон мегӯяд, ин қонун боис шуд, ки сафи вакилони дифоъ коҳиш ёбад.

Созмон аз Тоҷикистон хостааст, ки дар мавриди боздошт ва муҳокимаи Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Мақкамов барои ҳимояташон аз аъзои боздоштшудаи ҳизби “Тоҷикистони нав” ва ҲНИТ ва парвандаи Фирӯз Табаров таҳқиқоти мустақилона гузаронад. Фирӯз Табаров, писари Иҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов аст. Ӯ соли 2016 барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд. Иттиҳоме, ки хонаводаи Табаровҳо бепояву асос ва парвандаашро дорои ангезашои сиёсӣ меномиданд.

Зуҳро Шерова
Зуҳро Шерова

Ҳамсари Исҳоқ Табаров: Писарам даҳ соли дигар дар ҳабс мемонад​

Зӯҳро Шерова, ҳамсари Исҳоқ Табаров, гуфт, писараш се сол ҳукми худро сипарӣ кард. “Ҳеҷ камбуд ё шикоят надорад. Вай 13-уним сол ҳукм гирифта буд ва дар моҳи июн расо се сол мешавад. Бояд 10 соли дигарашро адо кунад. Барои кам кардани ҳабсаш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карда будем, вале ба эътибор гирифта нашуд. Дар як сол то 8 маротиба меравем ва аз аҳволи Фируз хабар мегирем”.

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон то 18-уми майи соли 2019 фурсат додааст, ки дар бораи ислоҳи эродҳо ва иҷрои тавсияҳои ин кумита дар мавриди ҳолатҳои шиканҷа, “дедовшина”, муносибати дағалона ва шиканҷа дар сафи нирӯҳои мусаллаҳ гузориш бидиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG