Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи беш аз 10 маҳбуси Хуҷанд. "Саркарда нестанд, аммо иштирок карданд"


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи беш аз 10 зиндонии маҳбаси рақами сеи Хуҷанд бо иттиҳоми иштирок дар шӯриш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, то кунун нуҳ нафари онҳо бо қарори додгоҳи маркази вилояти Суғд ба СИЗО (боздоштгоҳ) интиқол ёфтаанд.

  • Ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд шаби 7-уми ноябри имсол рух дод ва дар ҷараёни саркӯби он, ба гуфтаи мақомот, 21 маҳбус "безарар гардонда шуд". Дар ин ҳодиса ду маъмури зиндон кушта шуда, панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардидаанд.
Ин маҳбусон саркардаи ошӯб нестанд, вале дар он иштирок карда, алайҳи кормандони зиндон аз зӯр истифода намудаанд

"Аз куштор то зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимият"

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 29-уми ноябр бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин маҳбусон аз рӯи иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла:

  • "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ";
  • "куштор";
  • "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ";
  • "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат" парванда боз шудааст.

"Ин маҳбусон, инчунин, аз рӯи моддаи 332-и Кодекси ҷиноӣ ё "кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозад", посух хоҳанд гуфт", - афзуд манбаъ.

Ҳамсуҳбати мо дар мақомот гуфт, нисбат ба баъзе аз маҳбусон, ки то ба ҳол исми яке аз онҳо ба мо маълум аст ва аз ӯ Муҳаммад Юсуфов ном бурда мешавад, дар маҷмуъ бар асоси 11 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

"Саркарда нестанд, аммо дар ошӯб иштирок карданд"

Қазияи ошӯб дар зиндони Хуҷандро феълан як гуруҳи тафтишотӣ аз Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад. Масъулони Додситонии кул то ҳол дар ин бора расман иттилоъ надодаанд. Теъдоди расмии муттаҳамон дар ин қазия низ маълум нест.

Аммо ҳамсуҳбати мо дар мақомоти интизомӣ мегӯяд, дар робита ба қазияи зиндони Хуҷанд ҳафт корманди маҳбас ва беш аз 10 маҳбус ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Кормандони зиндони рақами 3, бо шумули роҳбари собиқи он Файзулло Сафарзода, ҳафтаи гузашта бо қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, бо қарори ҳамин додгоҳ маҳбусоне, ки алайҳи онҳо парванда боз шуд, дубора ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ба СИЗО ё Боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтанд. Манбаъ мегӯяд, "ин маҳбусон саркардаи ошӯб нестанд, вале дар он иштирок карданд ва алайҳи кормандони зиндон аз зӯр истифода карданд".

Баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯби хунин дар маҳбаси Хуҷанд, дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ки аз соли 2006 дар ин мақом кор мекард, “ба далели бознишаста шудан” аз вазифааш озод гардид.

Мансурҷон Умаров, ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори нави раёсати зиндонҳо ва ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG