Аз шикори шоҳин дар Қазоқистон то инқилоби мусолиматомез дар Арманистон -- инҳо аксҳое ҳастанд, ки тасвирбардорони бахшҳои гуногуни Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ бардоштаанд.
Беҳтарин аксҳои тасвирбардорони Радиои Озодӣ дар соли 2018

1
Сохтмончиён дар минтақаи Хандугаи Русия. 2-юми феврал. Дар ин минтақа ҳаво то 50 дараҷа сард мешавад.

2
Эътирозгарон дар ҳамоише, ки тарафдорони сиёсатмадорони мухолиф Михаил Саакашвиллӣ рӯзи 4-уми феврал дар Киев роҳандозӣ карданд. Ҳазорон нафар истеъфои раиси ҷумҳур Петро Порошенкоро талаб намуданд. Рӯзи 12-уми феврал нерӯҳои амниятии Украина Саакашвилиро боздошт ва ӯро аз он кишвар ихроҷ карданд. (Акс аз Сергей Нужненко).

3
Пионерҳои ҷавон дар ҷараёни роҳпаймоӣ дар Минск, Белорус дар рӯзи 8-уми феврал. Беш аз 500 нафар пионерҳо аз гӯшаву канори Белорус ҷамъ омада ва дар раҳпаймоӣ ё парад дар як Маҷмааи варзишӣ ширкат карданд.

4
Ҳамоиши донишҷӯён дар Тбилиси дар рӯзи 14-уми феврал бо талаби ворид кардани тағйирот дар қонуни кори Гурҷистон. Онҳо дар ин ҳамоиш аз ҳуқуқи коргарон дифоъ карданд. (Акс аз Мзиа Саганелидзе)