Аз шикори шоҳин дар Қазоқистон то инқилоби мусолиматомез дар Арманистон -- инҳо аксҳое ҳастанд, ки тасвирбардорони бахшҳои гуногуни Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ бардоштаанд.
Беҳтарин аксҳои тасвирбардорони Радиои Озодӣ дар соли 2018
5
Шикори шоҳин дар Қазоқистон. 25-уми феврал.
6
Динора Алимбекова, барандаи медали тилло аз Белорус дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ рӯзи 27-уми феврал ба кишвараш баргашт. Дастаи мунтахаби Белорус дар ин сабқат ду медали тилло ва як нуқра ба даст овард.
7
Барандаи Ҷоизаи нобели Малола Юсуфза рӯзи 31-уми март бо мақомоти минтақаи Сувот дар шаҳри Исломобод мулоқот намуд. Малола дар соли 2012 мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифт ва барои муолиҷа ба Бритониё интиқол дода шуд. Вай барои пуштибонӣ аз таҳсили духтарон, мавриди ҳамла қарор гирифт. (Акс аз Ниёз Аҳмадхон).
8
Обхезӣ дар дарёи Припят дар минтақаи Ҳомел дар Белорус. 4-уми апрел.