Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи парвандаи қатли сайёҳон дар Душанбе оғоз шуд. ВИДЕО


Мурофиаи додгоҳии муттаҳамон дар қатли сайёҳони хориҷӣ рӯзи 23-юми октябр дар Боздоштгоҳ ё СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар курсии айбдорӣ 17 нафар нишастаанд ва баррасии парвандаи ин ҳодисаи пурсарусадоро Додгоҳи олии Тоҷикистон бар дӯш дорад. ​

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ моҳи июли имсол дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух дод ва бар асари он чаҳор нафар кушта ва ду тани дигар осеб диданд.

Шуморе аз гумонбарон ба хотири хабар надодан ба мақомот боздошт шуданд.

“Мурофиа боз аст, аммо даромадан – манъ”

Субҳи 23-юми октябр назди бинои СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе серодам буд. Хешони боздоштшудаҳо, вакилони мудофеъ ва рӯзноманигорон барои иштирок дар мурофиа ба инҷо омада буданд.

Мурофиа баъд аз соати 11 шуруъ шуд. Баррасии парвандаи ин ҳодисаи пурсарусадоро Додгоҳи олии Тоҷикистон пеш мебарад. Аммо додрас ба ҷуз аз вакилони мудофеъ ба наздикони маҳкумшудаҳо ва ҳам рӯзноманигорони иҷозаи вуруд ба толори мурофиаро надод. Барои инъикоси мурофиаи муттаҳамон дар қатли сайёҳон на танҳо рӯзноманигорони дохилӣ, балки намояндаи расонаҳо аз Аврупо, аз ҷумла аз Ҳолланд омада буданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мурофиаи муттаҳамон дар қатли сайёҳони хориҷӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Қаблан манобеъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки парванда мӯҳри махфӣ надорад ва ба эҳтимоли зиёд ба таври боз баргузор шавад.

“Гуфтаанд, ки давлати мо тинҷ аст, ҷиҳод намекунем”

Наздикони маҳкумшудаҳо ба бегуноҳии хешовандашон исрор меварзанд ва мегӯянд, умед доранд, ки додгоҳ онҳоро озод мекунад. Сочигул Салоҳиддинова, сокини деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак, рӯзи 23-юми октябр гуфт, қариб се моҳ мешавад, ки писарашро надидааст.

Писари 29-солаи Сочигул Салоҳиддинова бо иттиҳоми хабар надодан ба мақомот боздошт шудааст. “Аз мақомот мепурсам, мегӯянд, ки ҳолаш хуб аст. Гуфтанд, ки чӣ саргардон мешавӣ, ҳамин моҳ мебароянд. Гуноҳи бачаамро намедонам, ҳамин қадар фаҳмидем, ки гӯё ҳамон одамкушҳо гуфта бошанд, ки биё ҷиҳод кунем. Аммо инҳо гуфта бошанд, ки давлати мо тинҷу ором аст ва мо ҷиҳод намекунем. Фақат рафта хабар надоданд. Намедонам барои ин чӣ ҷазо мегирад?”

Модари Бахтовар Салоҳиддинов гуфт, писарашро баъди 17 соли бефарзандӣ пайдо кардааст ва дурӣ аз ӯ барояш бисёр сахт аст. Ин сокини шаҳри Норак гуфт, писараш як соли охир дар деҳа ба корҳои сохтмонӣ машғул буд ва бо муттаҳамони қатли сайёҳон робитае надошт.​

Видео: ​Қотилони сайёҳони хориҷӣ кӣ буданд?

Қотилони сайёҳони  хориҷӣ дар Тоҷикистон кӣ буданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:52 0:00

Аммо дар миёни наздикони муттаҳамон Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусамадов набуд.

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ аз камтарин рухдодҳое аст, ки номи Тоҷикистонро ба сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ баровард. Ин ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар курсии айбдорӣ ҳабдаҳ нафар нишастаанд. Аз миёни панҷ нафари ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда боздошт шудааст. Боқимондаҳо дар ҷараёни амалиёти боздошт "безарар карда шудаанд".

Инчунин, шуморе аз гумонбарон ба хотири хабар надодан ба мақомот боздошт шуданд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аз тарафи Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо сурат гирифтааст.

Ҳарчанд гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад мекунад ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ меномад.​

XS
SM
MD
LG