Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ҳалокати сайёҳонро ба сарони ИМА, Нидерландия ва Швейтсария тасаллият гуфт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайванд ба ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки миёни онҳо ду гардишгар аз Амрико, як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария мебошанд, ба сарони ин кишварҳо номаи тасаллият ирсол кардааст. Ҳодисаи ҳалокати гардишгарони хориҷӣ баъд аз зӯҳри 29-уми июл дар Себистони Данғара, рух дод.

Дар номаҳои ҷудогона ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Виллем-Александр​, подшоҳи Нидерландия ва Ален Барсе, президенти Конфедератсияи Швейтсария, Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони ин кишварҳо бар асари аз ҷониби ронандаи як худрав пахш кардани гурӯҳи сайёҳон, изҳори таассуф кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни тасаллият ба наздикон ва пайвандони қурбониёни ин ҳодиса гуфтааст, ки барои муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амал, ниҳодҳои зирабти кишвар ҳама чораҳоро хоҳанд андешид.

Боздошти боз се нафар дар робита ба ҳодисаи Данғара

Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон аз боздошти боз се нафар ба гумони ҳамдастӣ ба гурӯҳе, ки боиси ҳалокати чаҳор сайёҳи хориҷӣ ва маҷрӯҳ шудани се нафари дигари онҳо гардид, хабар доданд. Мақомот қаблан гуфтанд, ки як нафар ба иттиҳоми даст доштан дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ боздошт ва ду нафари дигар "нобуд" карда шуданд.

Фоҷиа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда, барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре бад аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 30-уми июл бо нашри як иттилоияи кӯтоҳ гуфт, ки бар пояи нишондоди яке аз боздоштшудаҳо бо номи Абдусамадов Ҳ.А -- сокини шаҳри Душанбе, боз ду нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар ба ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ, боздошт шуданд. Вазорат ҳамчунин гуфт, ки амалиёти ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани аъзои ин гурӯҳ, идома дорад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин қабл гуфт, як ҷавони 21-соларо бо иттиҳоми даст доштан дар ҳалокати чаҳор сайёҳи хориҷӣ ва маҷрӯҳ кардани се нафари дигари онҳо дастгир кардааст. Вазорат шоми 29-уми июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки мошини Ҷаъфариддин Юсупови 21-сола аз шаҳри Норакро ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯ дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи вазорат, ду нафар аз ҳамроҳони ин ҷавонро барои муқобилият нишон додан “нобуд кардаанд.” Маълум нест, ин афрод ба маъмурони амниятӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд, ё не.

Ҷустуҷӯи як нафари дигар идома доштааст. Вазорат мегӯяд, ки дар мошини тамғаи Даеву Леганзаи муттаҳам ба ҷиноят осори садама дида мешавад.

Ҷаъфариддин Юсупов ба ҷиноят муттаҳам мешавад.
Ҷаъфариддин Юсупов ба ҷиноят муттаҳам мешавад.

Вазорат аз ин пештар гуфт, ​дар ноҳияи Данғара як ронанда 7 сайёҳи дучархасавори хориҷиро пахш кардааст, ки дар натиҷа чаҳор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ шоми имрӯз гуфт, ки “соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати 7 дучархасавори хориҷӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара онҳоро ронанда пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Дар натиҷа 3 хориҷӣ дар ҷойи ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Дангара ҷон додаанд. Вазорат нагуфтааст, ки ин саёҳони хориҷӣ аз куҷо ҳастанд.

Ба гуфтаи вазорат” фарзияи аввал, ин садамаи нақлиётӣ мебошад, дигар фарзияҳо низ баррасӣ мешаванд.”

Қаблан гузоришҳое буд, ки гӯё ба сайёҳон бо корд ҳамла карда бошанд. Яке аз шоҳидони ҳодиса, ки ба сайёҳон кӯмак кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар ҳоли шок буданд ва дуруст ба суолҳои ҷавоб дода наметавонистанд. "Яке аз онҳо ба суоли ман, ки аз куҷо ҳастӣ ҷавоб дод, ки аз Белгия" - гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ба қавли шоҳиди айнии дигар, ҷасадҳо дар ҳар тараф парешон буданд ва мардум ҳам ҳар яке "даҳ фарзия мегуфт", ки гӯё онҳоро баъдан корд зада бошанд. Баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ ҳам гуфтанд, ки "осори корд дар бадани қурбониёнро маълум аст."

Дар баёния омадааст, ки бо дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шудаанд.

Аксро аз ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ фиристоданд.
Аксро аз ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ фиристоданд.

Хабаргузории "Франс Пресс" аз қавли як манбаъ дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки ду сайёҳ аз Ҳолланд ва ду нафари дигарашон аз Амрико ҳастанд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъйид кард, ки ду шаҳрванди ин кишвар дар Данғара кушта шудаанд ва ба далели ахлоқӣ номи онҳоро нашр намекунанд. Сафорат бо нашри баёнияи кӯтоҳе дар Фейсбук ба хешовандони қурбониён изҳори тассалият карда ва гуфтааст, ки дар ҷараёни таҳқиқи ҳодиса бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкориро идома медиҳанд.

Ба гуфтаи вазорат, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони додситонии кулл, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсус таъсис дода шуда, чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ барои кушодани ҷиноят идома дорад.

Аксро аз ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ фиристоданд.
Аксро аз ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ фиристоданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, ки дар роҳҳои минтақаи Кӯлоб маъмурони зиёди милиса истодаанд ва мошинҳоро тафтиш мекунанд. Дар шаҳри Душанбе ҳам маъмурони мусаллаҳи интизомӣ мошинҳоро тафтиш мекунанд.

Корбарони вебсайти Радиои Озодӣ аксҳоро аз ҷойи ҳодиса ба мо фиристоданд, ки нишон медиҳад, як зане оғушта ба хун дар рӯи роҳ хобидааст. Ба яке дигар раҳгузарон кӯмак мерасонанд.

Фоҷиа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре бад аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.

Ин хабар дар ҳоли таҳаввул аст ва илова мешавад. Агар дар ҷойи ҳодиса будед лутфан ба ин рақам ба мо аз тариқи Вайбер Вотсапп ва Имо дар тамос шавед +420 724 053 959

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG