Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қорӣ Носирро тавассути Интерпол ҷустуҷӯ мекунанд


Носирхӯҷа Убайдов
Носирхӯҷа Убайдов

Мақомоти Тоҷикистон парвандаи Носирхӯҷа Убайдов, сокини 45-солаи ноҳияи Фархорро барои ҷустуҷӯ ба пулиси байналмилалии “Интерпол” супурдаанд.

Носирхуҷа Убайдов, маъруф бо лақаби “Қорӣ Носир”, бар ассои моддаи 187-и Кодекси ҷиноӣ -- “Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва 179-и Кодекси ҷиноӣ -- “Терроризм” ҷустуҷӯ мешавад.

Муҳокимаи танҳо муттаҳами ҳамла баъди моҳи октябр баргузор мешавад

Мақомот ин нафарро тарроҳи аслии ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли имсол дар ҳудуди ноҳияи Данғара медонанд, ки ба иддаои онҳо дар минтақаи Хоши Эрон қарор дорад. Дар пайи ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта ва се тани дигар ҷароҳат бардошт.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар мақомоти додситонӣ рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ҳусейн Абдусамадов, яке аз ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ эҳтимол то нимаи моҳи октябр ба Додгоҳи олӣ супурда шавад. Ҳусейн Абдусамадов аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо касест, ки зинда боздошт шудааст. Ӯ шоми 4-уми сентябр дар барномаи "Гирдоб", ки тариқи ҳама телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, ба гуноҳаш эътироф кард.

Чаҳор тан аз ҳамроҳони ӯ - Зафарҷон Сафаров, Асомиддин Маҷидов, сокинони ноҳия Панҷ ва бародарон Аслиддину Ҷаъфариддин Юсуповҳо аз шаҳри Норак дар амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуданд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, парвандаи Ҳусейн Абдусамадов бар асоси моддаи 104, қисми 2, “одамкушӣ бо бераҳмии махсус” ва 179 қисми 2, “Терроризм” тафтиш мешавад. Ин моддаҳо аз 25 сол то ҳукми зиндони абадро талаб пешбинӣ мекунад.

Ҳусейн Абдусамадов
Ҳусейн Абдусамадов

“Садҳо шоҳид пурсида шуд ва ҳоло ҳам бозпурсӣ давом дорад. Ҷиноят пурра ошкр шудааст ва барои тафтишот ҳолатҳои асосӣ маълум аст”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, парванда “мӯҳри махфӣ” гирифтааст.

Мақомоти тоҷик бар ин назаранд, ки ҳамларо Носирхуҷа Убайдов аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ кардааст ва Ҳусейн Абдусамадов, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, бо ҷалби чаҳор ҷавони дигар ин корро анҷом додааст. Дар ин ҳамла, чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар - шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Кишварҳои хориҷӣ дар ҷараёни тафтишот ҳастанд

Як манбаи дигар, ки шомили ҳайати гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ дар ин парванда аст, рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба намояндагиҳои кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин ҳамла кушта ё захмӣ шуданд, маълумоти ибтидоӣ аз тафтишот дода шудааст. “То ҳол аз ҷониби ин кишварҳо ягон суол доир ба парванда ворид нашудааст. Чун аз рӯзи аввал мақомот маълумотро аз ҷараёни ҳодиса ва амалиёт ба онҳо расониданд. Агар маълумоте барои онҳо зарур шавад, дар доираи қонунгузорӣ дода мешавад”, - гуфт ӯ.

Телевизиони Тоҷикистон шоми 4-уми сентябр барномае бо номи “Гирдоб” пахш кард, ки Ҳусейн Абдусамадов, ягона нафари зинда боздоштшуда дар он гуфт, ҳамларо бо супориши Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ анҷом додааст. Абдусамадов эътироф кард, ки тақрибан якуним сол дар ҳудуди Сурия ва Ироқ қарор дошт ва дар гузашта ба Эрону Туркия низ сафар кардааст.

Санҷиши дурустии ҳарфҳои Абдусамадов имкон надорад, чун худи ӯ баъди ҳамла ба сайёҳон дар боздошт ба сар мебарад.

ҲНИТ: Тамоми иттиҳоми мақомотро рад мекунем

Рӯзи 6 сентябр бо пахши изҳороте раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бори дигар иттиҳомоти мақомот дар бораи даст доштани ин созмони сиёсӣ дар ин ҷиноятро рад кард. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки барои дуруст таҳқиқ шудани ин ҳамлаи террористӣ бояд кишварҳое ҳам ҷалб шаванд, шаҳрвандонашон дар ин ҳодиса қурбон шудаанд. "Филми ахири ВКД бори дигар нишон медиҳад, ки ҳукумат майле барои пурра ошкор шудани ин ҷиноят ва муайян кардани иҷрокунандагон, супоришдиҳандагон, сабабҳо ва ҳолатҳои воқеии ин ҷиноятро надорад ва талош мекунад онро ҳамчун василаи навбатии мубориза алайҳи гуногунандешон ва мухолифини сиёсии худ истифода намояд", омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Дар барномаи телевизионии “Гирдоб” инчунин саҳнаи аз бонк пул гирифтани Абдусамадов, ки камераҳои назоратии бонки “Эсхата” дар Норак сабт кардааст, намоиш дода шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ин маблағ барои ташкили ҳамла ба хориҷиҳо ирсол шудааст. Ин нахустин эътирофи телевизионии Ҳусейн Абдусамадов пас аз ҳамлаи маргбор ба 7 сайёҳи хориҷӣ мебошад.

Дар он ҳодиса ҳамлагарон савори мошине нахуст ба сайёҳони велосипедсавор ҳамла карда дар пай онҳоро бо зарби корд ба ҳалокат расониданд. Дар телевизиони давлатӣ корду табаре, ки бо он ҳамла сурат гирифтааст, нишон дода шуд.

Ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар Данғара нисфирӯзии 29-уми июл сурат гирифт. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо нашри навори байъати Ҳусейн Абдусамадов ва чаҳор ҳамроҳаш, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG