Ҳодиса рӯзи 14-уми май пас аз ҷаласаи ҳукумати ин кишвари аврупоӣ иттифоқ уфтод.
Он ҳангом Роберт Фико дар наздикии Братислава ва дар миёни издиҳом қарор доштааст.
Ӯро ба бемористон бурданд.
Рӯзноманигорони шоҳиди ҳодиса гуфтанд, чанд садои тир шунида шуд.
Ба нақли онҳо, маъмурони амниятӣ дарҳол шахсеро дошта, бо худ бурданд. Вайро ҳамлагари эҳтимолӣ медонанд, аммо пулиси маҳаллӣ онро тасдиқ накардааст.
Дафтари сарвазири Словакия дар ин бора изҳорот надод.