Президенти ИМА Доналд Трамп дар нахустин вокунишаш ба ҳамлаи маргбор ба ҷаҳонгардони хориҷӣ, ин ҳодисаро "як ҳамлаи террористии бемантиқ" унвон кард. Ӯ дар паёмаш ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки матни он рӯзи 10 август дар сомонаи раиси ҷумҳури нашр шуд, дар робита бо шеваи таҳқиқи ҳамлаи маргбори рӯзи 29 июл ба мақомоти тоҷик изҳори сипос кардааст.
Трамп гуфтааст, "ман вокуниши фаврии ҳукуматро ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса баёнгари равшани зарурат ба ҳамкории амиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳои мо дар оянда мебошад. Ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ ғайри қобили қабул аст ва мо бояд барои решакан кардани таҳдидҳои террористӣ нисбат ба ду халқи бузургамон якҷоя амал кунем".
Дар номаи Трамп омодагии Кохи Сафед барои мусоидат дар тафтиши "ин ҳамлаи ваҳшиёна" ироа шудааст. "Мо бояд таҳким бахшидан ба риштаҳои дӯстии ду халқамон идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамлаҳо дигар такрор нахоҳанд шуд", гуфта мешавад дар матни барқия.
Дар ҳамлаи маргбори рӯзи 29 июл, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод, ду ҷаҳонгарди амрикоӣ, як шаҳрванди Швейсария ва як ҳолландӣ кушта шуданд. Се туристи дигар - шаҳрвандони Ҳолланд, Швейсария ва Фаронса бо ҷароҳатҳо ҷон ба саломат бурданд.
Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номид ва масъулияти онро ба дӯши ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ вогузор кард, вале раҳбарияти ин ҳизб ин иттиҳомро комилан беасос меномад. Айни замон, гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо ба дӯши худ гирифтааст.
Тафтиши парванда аз рӯи моддаҳои "куштор" ва "терроризм" идома дорад.