Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 600 ба 300 млн $. Чаро даромади ширкатҳои мухобиротӣ кам шуд?


Тибқи пажӯҳиши тозаи мақомот ва созмонҳои ҷамъиятӣ, даромади ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар панҷ соли ахир аз ҳудуди 600 то ба 300 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Мудохилаи давлат ба фаъолияти ин ширкатҳо ва таъсири таҳримҳои Русия ба даромади муҳоҷирони тоҷик омилҳои асосии ин ҳолат унвон мешавад.

Аз 600 ба 300 млн доллар

Фаъолони созмонҳои ҷамъиятӣ дар умури мухобирот ва интернет дар Тоҷикистон 17-уми август бо нашри матлабе аз коҳишёбии фоидаи ширкатҳои мухобиротӣ -- ҳам давлативу ҳам хусусӣ шадидан изҳори нигаронӣ карданд.

Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.

Тибқи ин гузориш, агар дар соли 2012 суди ширкатҳои мухобиротӣ - фароҳамкунандаҳои интернет ва ҳам ширкатҳои мобилӣ дар як сол ба ҳудуди 600 миллион доллар расида бошад, солҳои баъдӣ ин рақам тадриҷан коҳиш ёфта, соли гузашта ба 300 миллион доллар расид.

Парвина Ибодова, коршиноси мустақил дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин гузориш дар пайи ҳисоботи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таҳия шудааст.

​Хонум Ибодова дар бораи омилҳои коҳиши даромади ширкатҳои мухобиротӣ гуфт, сабаби асосӣ, ин мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст ва мардум, ки маблағи камтар дар ихтиёр доранд, аз хадамоти мухобиротӣ камтар истифода мекунанд. "Албатта, омилҳои дигаре, назири мудохилаи мақомот ба фаъолияти ширкатҳои мухобиротӣ ва тағйири қоидаҳои фаъолият низ таъсиргузор буданд",-афзуд вай.

Дар гузориши Хадамоти алоқа дар бораи дахлу харҷи ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, ки охири моҳи апрели имсол нашр шуд, навиштааст, ки ба ҳисоби онҳо соли гузашта корхонаҳои соҳаи мухобирот дар маҷмӯъ тақрибан 2 миллиарду 672 миллион сомонӣ фоида гирифтаанд. Як соли пеш ин рақам ба 2 милиарду 848 миллион сомонӣ баробар буд. Ба ин тартиб, соли гузашта даромади бозори алоқаи Тоҷикистон 176 миллион сомонӣ -муодили 20 миллион доллар кам шудааст.

"Сабаби аслӣ даромади ками муҳоҷирон аст"

Аммо Рустам Гулов, коршиноси арсаи мухобирот дар Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ мегӯяд, ки сабаби аслии чунин вазъ дар даромади ками муҳоҷирон аст. Ба эътиқоди вай, дар пайи таҳримҳои Русия, муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар ба ватан маблағи камтаре ирсол мекунанд ва ин амр муҷиб шудааст, ки сокинон аз хадамоти мухобиротӣ камтар истифода кунанд. Аммо Рустам Гулов вуҷуди омилҳои дигарро низ инкор намекунад.

Рустам Гулов, коршиноси арсаи мухобирот.
Рустам Гулов, коршиноси арсаи мухобирот.

Вай дар ин бора гуфт, ки мушкили асосӣ ба фасод дар фаъолияти сохторҳои тафтишкунанда ва андозбании сангин марбут аст. Ба гуфтаи Рустам Гулов, ширкатҳо ба хотири ҳифзи мавқеи худ дар бозори мухобироти Тоҷикистон, наметавонанд хароҷоти изофии худ барои пардохти ришваву андозҳои баландро ба сари муштарӣ бор кунанд ва дар ниҳоят маҷбуранд қисме аз фоидаҳои худро аз даст диҳанд ва чунин вазъ сабаб шуд, ки дар ду соли ахир чанд ширкати мухобиротӣ бозори Тоҷикистонро тарк кард."

Ба унвони мисол Рустам Гулов аз ширкатҳои мобилии "Tcell" ва "Tacom" ном бурд. Вай афзуд, ки ин ширкатҳо расман сабаби тарки бозори Тоҷикистон масоили дигаре баҳона карданд, аммо дар асл масъулини ин ду ширкат аз андозбандии сангин дар Тоҷикистон водор шуданд, ки ширкатҳои худро ба моликони нав фурӯшанд.

Мушкили ширкатҳои мобилӣ дар солҳои ахир

Ахиран "ТК Мобайл", яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон кард, ки фаъолияташро қатъ мекунад. Инчунин ширкати "VEON", молики ширкати "Билайн Тоҷикистон" низ эълон кард, ки аз Тоҷикистон меравад. Қимати алоқаи мобилӣ ва ҳам Интернет дар як соли ахир дар Тоҷикистон дар ҳоли болоравӣ аст.

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои рушдкунандаи иқтисод ба шумор меомад, вале дар ду соли ахир се ширкат - "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд.

Аз ҷумла, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ, "Мегафон" - 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд.

Феълан дар Тоҷикистон чор ширкат "Вавилон" "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.

Игор Лякин-Фролов, сафир Русия дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз сангин будани андозбандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфт буд, ки ин амр бархе аз ширкатҳои русиро водор месозад бозори Тоҷикистонро тарк кунанд. Аммо, мақомоти тоҷик дар посух ба ин иддао мегӯянд, ки меёри андозбандӣ дар Тоҷикистон ба гунаи кишварҳои дигар аст ва на пастару на баландтар.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG