Пайвандҳои дастрасӣ

"Чаро аз Тоҷиктелеком?" Суоли чаҳор ширкати мобилӣ аз мақомот


Ғафур Иркаев

Тселл, Билайн, Бабилон ва Мегафон – чаҳор ширкати мухобиротии Тоҷикистон – дар як номаи расмӣ аз Додситонии кул ва Хадамоти зиддимонополӣ пурсидаанд, ки тасмими фақат аз “Тоҷиктелеком” харидани Интернет то чӣ ҳад қонунист? Чанд созмони журналистӣ низ аз ин номаи ширкатҳои мобилӣ ҳимоят кардаанд.​

Дар миёнаҳои моҳи январи имсол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дастур дод, ки Интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот”, як созмони марбут ба “Тоҷиктелеком”, бихаранд. “Тоҷиктелеком” дар навбати худ ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа аст.

Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Хадамоти хиддимонополӣ ва Додситонии кулл хоста шудааст, "мутобиқат доштани дастури ахир ба қонунҳои зиддиинҳисорӣ"-ро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Ӯ афзуд, муроҷиаташон мавриди баррасист ва мунтазири посухи мусбат ҳастанд.

"Ин масъала беҳад ҷиддист. Дастури Хадамоти алоқа соҳаи мухобиротро ба монополияи як ширкат табдил хоҳад дод. Мо мехоҳем, ин мавзӯъ дар Шӯрои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ки раиси он президент Эмомалӣ Раҳмон аст, низ баррасӣ шавад", – гуфт ӯ.

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон низ дар мавриди дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ, яъне харидории интернет танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” (ШҶТМ) изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо рӯзи 30-юми январ дар як баёния гуфтанд, ки ҳадафи ин иқдом бештар масъалаи молӣ аст, на амниятӣ.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, НАНСМИТ, созмони “Журналист”, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва “Медиа Алянси Тоҷикистон” зикр кардаанд, ки “масъалаи ба инҳисори (монополияи) як гуруҳ афтодани василаи муҳими иртиботӣ” хилофи қонунҳои ҷорӣ ва байналмилалист.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 19-уми январ аз номи Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон нома гирифтан ва ҳоло дар баррасӣ қарор дорад. Аммо гуфт, дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти бештаре дода наметавонад.

Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон
Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Як сармутахассиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки бо хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми январ бо шарти ифшо нашудани номаш ҳузурӣ сӯҳбат мекард, гуфта буд, иқдоми ахир ба хотири таъмини амният гирифта шудааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот аллакай чаҳор хатти интернетиро аз хориҷ ворид кардааст.

“Чанд ширкати мобилӣ аллакай аз ҳамин шабака интернет мегиранд”, - гуфта буд ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG