Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллии Тоҷикистон: истифодаи Bitcoin хатар дорад


Бонки миллии Тоҷикистон бори нахуст мавқеи расмии худро дар марвиди Bitcoin - як навъ асъори рақамӣ ва ё крипто-асъор баён кард.

Бонки миллӣ дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 15 январ дар мавриди Bitcoin гуфт, ҳамаи доду гирифт тавассути ин асъори маҷозӣ ба таври ниҳонӣ ва ё анонимӣ сурат мегирад ва ин ҳолат “хатар ва хавфи иҷрои амалиётҳои марбут ба маблағгузории терроризм ва шустушӯи пул ва дигар амалиётҳои молиявии ғайриқонуниро зиёд мекунад”.

Дар ҳоле, ки шумо дорандагони асъори маҷозӣ дар ҷаҳон ва ҳам Тоҷикистон мушаххас нест, аз назари баррасии мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба доштани пул ё крипто-валюта алоқамандӣ зоҳир мекунанд.

Чун, ба гуфтаи Бонки миллӣ, амалиётҳо бо крипто-валютаи Bitcoin бидуни бонкҳо бевоиста миёни дорандагони он сурат мегирад. Ин ҳолат, ба навиштаи Бонки миллӣ, хатарро дар пай дорад. Барои мисол, Бонки миллӣ гуфтааст, дар интернет ҳолатҳое буд, ки фурӯши маводи психотропӣ ва маводи нашъадор тавассути Bitcoin ҷой дошт.

Аз сӯи дигар, Бонки миллӣ дар робитба ба Bitcoin мегӯяд, “қурби Bitcoin ноустувор буда” зиёд болову поин меправад ва “характери ҳаннотӣ- спекулиятивӣ дорад. Аз ин рӯ, Бонки миллӣ бо такя ба гуфтаи коршиносон тавсия медиҳад, ки ҳангоми харидорӣ аз Bitcoin аз эҳтиёт кор бигиранд.

Мақомот таъкид мекунанд, ки Bitcoin дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва бинобар ин, ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – Сомонӣ сурат мегиранд.

Замоне башарият пули коғазиро ҳам эътироф намекард

Рустам Гулов, муттахассиси фанновариҳои нав мегӯяд, бо пазируфтани технологияҳои навин кишвар дари худро ба рӯи инноватсия мебандад, ки хуб нест: “Агар ба таърихи муомилаҳо назар кунем, дар аввал одамон ба сангчаҳо, баъдан ба тиллову танга мубодила мекарданд. Баъдан пули коғазӣ пайдо шуд, ки дар оғоз барои бисёриҳо қобили қабул набуд. Bitcoin ҳам ба ҳамин сурат як навъ асъори навин аст. Тавре як мақомдори эстонӣ ба наздикӣ гуфт, агар ин навгониҳо пазируфта шавад, иқтисоди кишвар бурд мекунад, агар не, дар ҷои дигар рушд мекунад”.

Гулов афзуд, ҷиноятҳо, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, пулшӯӣ ва ё сармогузории терроризм тавассути пулҳои маъмулии қоғазӣ ҳам сурат мегиранд. “Аз рӯи ин мантиқ агар рафтор кунем, мо бояд ҳама гуна навгониро сарфи назар кунем, ки дуруст нест”, иброз дошт Гулов.

Bitcoin як навъи асъори рақамӣ (крипто-асъор) буда, он танҳо дар доираи шабакаи Интернет бароварда нашр ва ё эмиссия мешавад ва дар ин шабака дар муомилот қарор дорад.

Дар ҳоле ки, масъули эмисияи пулҳои маъмулии коғазӣ дар дасти бонкҳои марказӣ ва милии ҳар кишвар қарор дорад, Bitcoin аз сӯи ниҳояд ва мақоме идора намешавад.

Кафолате надорад

Аммо ба фарқ аз пулҳои коғазии маъмулӣ дар пасаш кафолате надорад: ба ягон давлат ё иқтисодиёт вобастагӣ надорад ва арзишаш бо тилло, корхоноҳо ва ё амволи дигар замонат дода намешавад. Арзиши Bitcoin танҳо вобаста ба эътимод ва талаботи одамон вобаста аст. Талабот зиёд шуда қимматаш боло меравад, кам шуд поин.

Айни замон 1 биткоин ба 14 ҳазору 111 доллар баробар аст. Дар оғои пайдоишаш 1000 Bitcoin ҳамагӣ 3 сент қурб доштанд.

Воҳиди хурдтари Bitcoin- ва ё дирами он Сатоши аст. Бинобар ба таври бесобиқа гарон шудани Bitcoin бисёре аз харидорон чанд Сатоши мехаранд. Тибқи иттилои тасдиқношуда барномасози ҷонпонитабор Сатоши Накамата аз поягузорони Bitcoin аст.

Соҳибони Bitcoin дар Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки шумо дорандагони асъори маҷозӣ дар ҷаҳон ва ҳам Тоҷикистон мушаххас нест, аз назари баррасии мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба доштани пул ё крипто-валюта алоқамандӣ зоҳир мекунанд. Маҳз маҷозӣ ё пасипардагӣ будани ҷараёни эмиссияи он, додугирифтҳои беназорат ва хусусӣ бархе корбарони интернет аз Тоҷикистонро ба доштани пулҳои маҷозӣ дилгарм мекунад.

Алибек Сотиболдиев, як сокини шаҳри Хуҷанд, ки таҷрибаи хариду фурӯши “Bitcoin”-ро дорад мегӯяд, дар Тоҷикистон тиҷорати интернетӣ чандон рушд карда нест ва бинобар ин бо Bitcoin дар маҳдудаи кившар муомила кардан душвор аст. Аммо ин ҳамсуҳбати мо гуфт, бинобар боло рафтани қурби Bitcoin, ӯ онро бо нархи калонтар фурӯхт ва аз ин роҳ даромад ба даст овард.

Вале шумори умумии дорандагони ин навъи асъори маҷозиро касе дақиқ гуфта наметавонад.

Идеяи соли 1992

Бори аввал идеяи истифодаи крипто-асъор ҳанӯз соли 1992 пайдо шуд, вале истифодаи онҳо оммавӣ нагардид. Танҳо соли 2008 ғояи барориши крипто-асъор бо номи Bitcoin аз ҷониби барномасозе бо тахаллуси Сатоши Накамото дар амал татбиқ гардид.

Айни замон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет беш аз 1200 адад крипто-асъор дар муомила қарор дорад. Дар миёни корбарон крипто-асъори мисли Bitcoin, Ethereum, Ripple, Litecoin, NEM, Ethereum Classic маъруфяти бештар доранд.

Дар ҳоле, ки шумо дорандагони асъори маҷозӣ дар ҷаҳон ва ҳам Тоҷикистон мушаххас нест, аз назари баррасии мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба доштани пул ё крипто-валюта алоқамандӣ зоҳир мекунанд. Маҳз маҷозӣ ё пасипардагӣ будани ҷараёни эмиссияи он, додугирифтҳои беназорат ва хусусӣ бархе корбарони интернет аз Тоҷикистонро ба доштани пулҳои маҷозӣ дилгарм мекунад.

XS
SM
MD
LG