Пайвандҳои дастрасӣ

“Пул надорем” Чаро ТК Mobile ба вартаи муфлисшавӣ расид?


Ширкати “TK-Mobile”, ки чаҳордаҳ сол пеш вориди бозори мухобиротии Тоҷикистон шуда, наздик ба як миллион муштарӣ дошт, дар вартаи муфлисӣ қарор гирифтааст. Ситора Гулова – як масъули ширкат – рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои эълони расмии муфлисӣ қарори Додгоҳи олии иқтисодиро интизоранд.

“TK Mobile” бо стандарти CDMA2000 соли 2004 таъсис ёфта буд. 51 дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба Чин ва 49 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

“Аз ҳамаи муштариҳо узр мехоҳем. Ба ин сабаб, ки ширкати мо муфлис шудааст ва пуле надорем, кори ширкатро пеш барем”, - афзуд ӯ.

"СМС омад"

Ин ширкат ба муштариёнаш паёмак ҳам фиристода, талаб кардааст, ки дигар ба ҳисобҳои худ маблағ ворид накунанд ва аз хадамоти ширкатҳои мобилии дигар истифода намоянд.

Ҷамшед, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, хадамоти “TK-Mobile” арзон ва мувофиқ буд. “Аммо ба мо СМС фиристоданд, ки корро қатъ мекунанд. Аз ҳоло бисёре аз симкортҳои ин ширкат фаъол нест”, - афзуд ӯ.

Масъулони ширкати “ТК Мобайл” мегӯянд, то замони дарёфти қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ хатти алоқаи худро қатъ нахоҳанд кард.

Замоне ки ба дафтари асосии “ТК Мобайл” дар шаҳри Душанбе рафтем, дар як ширкати қаблан сермуштарӣ ба ҷуз чанд нафари масъул каси дигаре набуд. Дар маркази қабули муштариён дар ошёнаи аввали ширкат касе ҳузур надошт.

80 дарсади кормандонро ҷавоб додаанд

Тавре дар ширкат гуфтанд, тақрибан 80 дарсади кормандон, аз ҷумла операторон, муҳосибон ва кормандони техникӣ озод карда шудаанд. Масъулони ширкат мегӯянд, сабаби асосии муфлис шудани ширкат таваҷҷуҳи ками муштариён буд. Ба болои ин қарзи ширкат аз молики чиниаш – ширкати “ZTE” зам шудааст.

Бино ба иттилои масъулони ширкат, ZTE барои онҳо таҷҳизот харида, лекин “ТК Мобайл” натавонистааст қарзҳоро баргардонад. Дар ин робита ZTE ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъво бурдааст, ки “ТК Мобайл”-ро муфлис эълон кунад, то тавонад бо фурӯши амволи он маблағи харҷкардаашро бозпас гирад.

Ғафурҷон Иркаев
Ғафурҷон Иркаев

Иркаев: Таъсири санҷишҳои пайдарпай ҳам ҳаст

Ҳамин тавр, масъулони “ТК Мобайл” мегӯянд, ин ширкат бинобар мушкилоти дохили худаш ба вартаи муфлисшавӣ расид. Аммо Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, гуфт, ин ширкат ба рақобати бозор тоб оварда натавонист. Аз тарафи дигар, санҷишҳои паёпайи мақомот, ба қавли ӯ, ба вазъи молии ширкат бе таъсир набуд.

“Президент борҳо дар бораи санҷишҳои нақшавӣ таъкид мекунад, вале ҳамин дирӯз Хадамоти зиддимонополӣ ба тафтиши як ширкати мобилӣ шуруъ кардааст. Ду рӯз намегузарад, боз Кумитаи экология меояд. Аз додситонӣ меоянд. Ҳамаи ин ба вазъи молии ширкатҳо бетаъсир нахоҳад монд”, - шарҳ дод Иркаев.

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои рушдкунандаи иқтисод ба шумор меомад, вале дар се соли ахир се ширкат – "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ, "Мегафон" - 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд.

Феълан дар Тоҷикистон чаҳор ширкат – “Вавилон,” “Тселл,” “Мегафон” ва “Билайн” фаъоланд. Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG