Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даромади ширкатҳои мобилӣ – кам, аз Тоҷиктелеком афзуд"


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки даромади ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасони кишвар дар соли гузашта 176 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар, кам шудааст. Аммо айни замон “Тоҷиктелеком” ва идораҳои дигари мутааллиқ ба Хадамоти алоқа даромади зиёдтар ба даст овардаанд.

Ҳоло он фоидаи ночизе, ки ширкатҳои мобилӣ мегиранд, танҳо барои дар рӯйи об истоданашон мерасаду бас

Гузориши Хадамоти алоқа дар бораи дахлу харҷи ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон охири моҳи апрели имсол нашр шудааст. Ба ҳисоби ин ниҳоди давлатӣ, соли гузашта корхонаҳои соҳаи мухобирот дар маҷмуъ тақрибан 2 миллиарду 672 миллион сомонӣ фоида гирифтаанд. Як соли пеш ин рақам ба 2 милиарду 848 миллион сомонӣ баробар буд. Ба ин тартиб, соли гузашта даромади бозори алоқаи Тоҷикистон 176 миллион сомонӣ ё муодили 20 миллион доллар кам шудааст.

Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Масъулони Хадамоти алоқа омилҳои аслии коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонро расман шарҳ надоданд. Аммо як мақоми Хадамоти алоқа рӯзи 20-уми май бидуни зикри номаш гуфт, таҳлили онҳо нишон дод, ки камтар истифода шудани хидматрасониҳо аз сабабҳои аслии коҳиши даромад будааст. “Соли гузашта аз хадамоти ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар кишвар камтар истифода кардаанд”, - шарҳ дод ӯ.

Ширкатҳо чӣ мегӯянд?

Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки ниҳодҳои расмии Тоҷикистон аз кам шудани даромади ширкатҳои мобилӣ хабар медиҳанд. Моҳи апрел Кумитаи андози Тоҷикистон низ аз коҳиши даромади бозори алоқа изҳори ташвиш карда, гуфта буд, аз ҳисоби кам шудани фоидаи ширкатҳои мобилӣ буҷети кишвар маблағи камтар дарёфт кардааст.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон низ коҳиши даромадро тасдиқ мекунанд. Аммо мегӯянд ба беҳ шудани вазъият умед доранд. Ширкатҳои мобилӣ сабти дубораи симкортҳо ва маҳдудият дар фурӯши он, коҳиши қурби пули миллии сомонӣ ва қатъи фаъолияти дилеронро аз омилҳои аслии коҳиши даромади худ медонанд.

Аз ҷумла, масъулони ширкати “Тселл” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тамоми лавозимоти техникиро аз берун бо асъори хориҷӣ мехаранд ва коҳиши қурби сомонӣ ба харҷу дахли онҳо таъсири манфӣ гузоштааст. Коҳиш дар пардохтпазирии муштариён низ, ба таъкиди масъулони “Тселл”, аз омилҳои муҳими кам шудани фоидаи ширкат мебошад.

Дар ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” гуфтанд, ки бинобар қатъи фаъолияти даҳҳо нуқтаи хидматрасонӣ даромади онҳо ҳам коҳиш ёфт.

“Фоидаи ширкатҳо танҳо барои ғарқ нашудан аст”

Ҳарчанд Хадамоти алоқа тоза аз коҳиши даромади ширкатҳои мухобиротӣ хабар медиҳад, коршиносон ду соли охир аз эҳтимоли таназзули соҳаи мухобирот борҳо нигаронӣ кардаанд. Рустам Гулов, таҳлилгари тоҷик, кам шудани даромади ширкатҳои мобилиро натиҷаи “сиёсати зиёновар”-и Хадамоти алоқа арзёбӣ кард.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Гулов гуфт, то замоне ки Хадамоти алоқа талош мекунад тамоми хидматрасониҳо тариқи ниҳодҳои тобеи он ба роҳ монда шавад, ширкатҳои мобилӣ даромади бештаре ба даст оварда наметавонанд. “Аз ҷумла, инки Интернетро бояд танҳо аз як ширкат харидорӣ кунанд. Ҳоло он фоидаи ночизе, ки ширкатҳои мобилӣ мегиранд, танҳо барои дар рӯйи об истоданашон мерасаду бас. Вақте фоида зиёд шуд, имкони харидории технологияҳои нав зиёд мешавад. Аммо вақте Хадамоти алоқа тамоми имкониятҳои ба даст овардани фоидаро маҳдуд мекунад, пас ширкатҳо имконияти рушди технолонияи мавҷудаи худро надоранд”, - мегӯяд Рустам Гулов.

Як коршиноси дигари соҳаи мухобирот гуфт, талошҳои Хадамоти алоқа барои бештар кардани даромади ширкатҳои зертобеаш ба он оварда расондааст, ки ҳам соҳаи алоқа аз рушд монад ва ҳам буҷет аз ин ҳисоб зарар бинад. Ин коршиноси тоҷик бо ҳисоби омори расмӣ гуфт, ҳаҷми хадамоти ширкати “Тоҷиктелеком” дар соли гузашта ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ зиёд шудааст, дар ҳоле ки бозори алоқа 176 миллион сомониро аз даст додааст.

“Агар мантиқан ҳисоб кунем, соҳаи алоқа 150 миллион сомонӣ камтар даромад гирифтааст. Ин нафақат фоидаи корхона аст, балки ин маблағ ба пардохти музди меҳнат, супурдани андозҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ меравад. Соҳаи алоқа як ҷузъи иқтисод аст ва аз ҳисоби маҳдудкуниҳо ба иқтисоди кишвар маблағи камтар ворид шудааст”, - хулоса кард ин коршинос.

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои рушдкунандаи иқтисод ба шумор меомад, вале дар ду соли охир се ширкат – "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Феълан дар Тоҷикистон чаҳор ширкат “Вавилон,” “Тселл,” “Мегафон” ва “Билайн” ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG