Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Сурхобу Қизилсӯ

Дар ноҳияи Фархор ҳадди аққал ду деҳа - Сурхоб ва Қизилсӯ - дар паи боришоти зиёд осеб диданд. Оби гилолуде, ки сели зиёд ба ин ҷо овард, ҳамаи хонаву ҳавлиҳои мардум ва заминҳои киштро пур кард.

Боронгариҳои шадиди шаби 16-уми май дигар нуқоти ҷануби Тоҷикистон ҳам осеб расонд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфт, ки бар асари боронгариҳо ва селоби шадид дар ноҳияи Панҷ се нафар ҷон бохтанд. Қурбониёни ҳодиса ду кӯдак ва як мард мебошанд. Аксҳо дар деҳоти Сурхобу Қизилсӯи ноҳияи Фархор гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG