Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар Ереван

Фаъолони мухолифин дар Арманистон рӯзи 16 апрел ба нишони эътироз аз нақшаҳои ба мақоми нахуствазирӣ интихоб шудани Серж Саркисян чандин роҳро дар шаҳри Ереван масдуд карданд.

Фаъолон ҳамчунин роҳ ба як пул ва даромадгоҳи истроҳи метро дар маркази шаҳрро ба муддати 10 дақиқа бастанд. Вакили парлумон аз ҳизби мухолифин Никола Пашинян, ки раҳбарии ин эътирозро ба ӯҳда дорад, қаблан даъват кард, ки рӯзи 16 апрел дар роҳ ба сӯи парлумон роҳу истгоҳи метро ва чанд пулро масдуд хоҳанд кард.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG