Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб иди Наврӯзро чӣ гуна таҷлил карданд?


Дар Кӯлоб иди Наврӯзро чӣ гуна таҷлил карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ҷашни имсолаи Наврӯз дар Кӯлоб рӯзи 21-уми март дар “Амфитеатр”-и шаҳр шурӯъ шуд ва дар он ҳазорон нафар аз сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф ҳузур доштанд. Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Хайруллои Амонулло раиси шаҳри Кӯлоб ҳозиронро табрик гуфт. Дар майдони бузург, ҳамчунин, имсол шаш ҷуфт бо кумаки ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба ҳам пайвастанд. Хати ақди никоҳи ҷавононро раиси шаҳр ва раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ба онҳо супурданд. Дар баробари овозхонҳои дигари маъруфи минтақа, Сурайё Қосимова, овозхони маъруфи тоҷик ба табрики меҳмонони ҷашн омад. Дар берун аз “Амфитеатр”-и Кӯлоб ҳам Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати ҳарсолааш таҷлил карданд. Таомҳои миллӣ нону фатиру шириниҳои дигар растаҳои махсуси наврӯзиро оро медод. Кӯдакони чаканпӯшу тоқибасарро имсол ба таҷлили ҷашн даъват карданд ва ҳар кадоме аз онҳо нақше барои иҷро кардан дошт. Наврӯзро дар дигар гӯшаҳои кишвар ҳам таҷлил карданд. Аммо аз ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки мақомот ба баъзе аз сокинон, ки аз роҳи дур омада буданд, иҷоза надоданд, барномаи фарҳангиро дар майдони марказии шаҳр тамошо кунанд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG