Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Тоҷикистону Узбакистон дар байни Шаҳритусу Сурхондарё боз шуд

Сокинони Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 7 март шоҳиди боз шудани гузаргоҳи 10-уми марзӣ дар сарҳади вилоятҳои Хатлону Сурхондарё шуданд. Баъди таваққуфи шашсола гузаргоҳи автомобилгарди марзии байни ду кишвар боз шуд.

Гузаргоҳи марзии "Гулбаҳор" дар маросими ботантана ва бо ширкати ҳазорҳо сокинони деҳоти марзии Шаҳритузу Сурхондарё боз шуд. Бисёри сокинон аз ин ҳодиса фавқулодда шод буданд, чун баъди соли 2012 барои убур ба хоки Узбакистон маҷбур мешуданд даҳҳо километр роҳро ба самти Турсунзода тай карда вориди хоки кишвари ҳамсоя шаванд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG