Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷакент ба пешвози Шавкат Мирзиёев омода мешавад

Шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ки ҳафтаи гузашта шоҳиди тахриби девори маъруф бо номи "Девори Каримов" буд, ба сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба Тоҷикистон омода мешавад. Ин шабу рӯз дар Панҷакент корҳои ободонӣ ба шиддат ҷараён дорад. Мардум биноҳои атрофи кӯчаи марказиро сафед мекунанд, сохтмони варзишгоҳ тақрибан ниҳоӣ шудааст ва дар наздикии гузаргоҳи марзӣ арча шинондаанд. Қарор аст, Мирзиёев моҳи марти имсол ба Тоҷикистон биёяд. Дар ҷараёни сафари ӯ беш аз бист созишнома имзо хоҳад шуд. Аксҳо аз маркази шаҳри Панҷакент то гузаргоҳи марзӣ.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG