Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СМС-и тақдирсоз ба ҳазорон довталаби тоҷик


Аз тақрибан 91 ҳазор довталабе, ки имсол барои шомил шудан ба донишгоҳҳои кишвар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, 65 ҳазору 456 нафар ба озмуни «тақсимот ба ихтисос» роҳ ёфтанд. Аммо аз ин миён чӣ теъдод соҳиби унвони донишҷӯ мешаванд, дар оғози моҳи август маълум хоҳад шуд.

Довталабоне, ки як ихтисосро интихоб кардаанд, эҳтимоли аз озмун берун монданашон зиёд аст

Имсол дар Тоҷикистон бояд 64 ҳазору 939 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёбанд.

СМС-и тақдирсозро ҳазорҳо довталаби тоҷик рӯзи 25-уми июл дарёфт кардаанд. Хушҳолии Некрӯзи Хуршед, ки ду сол боз интизори ин паёмак буд, ҳоло ҳадду канор надорад. Некрӯз, ки соли гузашта ноком шуда ва ҳатто ба озмуни тақсимот роҳ наёфта буд, баъди як соли омӯзишу интизорӣ дигарбора ба ихтисоси технологияи информатсионӣ ҳуҷҷат супурд.

Некрӯз мегӯяд, имсол ба фарқ аз имтиҳоноти гузашта суолҳо бештар ва мураккаб буданд. “Соли гузашта суолҳо нисбатан осон буд, аммо ман муваффақ нашуда будам. Як сол омода шудам ва ин бор ҳарчанд суолҳо каме ба назарам мушкил буд, холи бад нагирифтам”, - афзуд ӯ.

Бино ба иттилои масъулони Маркази миллии тестии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми августи имсол дар навбати аввал довталабони дорои дараҷаҳои зиёдтар ба ихтисоси интихобкардаашон гузаронда мешаванд. Имсол ҳам ба гуфтаи Абдулвосит Юлдошев, ёвари раиси Маркази миллии тестӣ, чун солҳои пеш талабот ба ихтисосҳои гурӯҳ ё кластери панҷ, чаҳор ва се, аз ҷумла ихтисоси ҳуқуқшиносиву тиб, биология ва варзиш зиёд буд. “Довталабоне, ки як ихтисосро интихоб кардаанд, эҳтимоли аз озмун берун монданашон зиёд аст”, - гуфт ӯ.

Ба қавли Юлдошев, тақсимоти такрорӣ ҳам ба нақша гирифта шудааст ва қарор аст аз 19 то 20-уми август баргузор шавад. Довталабони норозӣ аз натиҷаи имтиҳони худ метавонанд, дар давоми 3 рӯз ба комиссия муроҷиат кунанд. Аммо ба гуфтаи Юлдошев баъд аз эълони натиҷаҳои даври аввал онҳо расман аз касе шикоят нагирифтаанд.

Нуриддин Саид
Нуриддин Саид

Соли панҷум аст, ки довталабон дар Тоҷикистон тибқи низоми муосири қабул, яъне тавассути Маркази миллии тестӣ барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ рақобат мекунанд. Аммо вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран дар як сӯҳбаташ гуфт, барои сабукӣ додан дар низоми нави дохилшавӣ ба довталабон дар 4 соли аввал суолҳои нисбатан осонтар пешниҳод мешуд, аммо имсол ба таъкиди ӯ суолҳои тестӣ барои имтиҳоноти дохилшавӣ бештар ва мураккабтар шуд.

Нуриддин Саид гуфт, “имсол суолҳоро дар асоси барномаҳои таълимии мактаби миёна 15-20 фоиз мушкилтар кардем. Соли дигар мушкилтар мешаванд, то мактаббачаҳо барои ворид шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо бештар талош кунанд, китоб хонанд. Соли оянда инчунин навиштани эссе роҳандозӣ мегардад, ки онро ба ғайр аз хатмакардагони макотиби русӣ, ақаллиятҳои дигари кишвар бояд бо забони тоҷикӣ нависанд.”

Бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ барои иштирок дар имтиҳони имсола 97 ҳазор худро номнавис карда, вале 90 ҳазори онҳо ҳузур пайдо кардаанд. Маркази миллии тестӣ имсол эълон дошта буд, ба фарзандони афсароне, ки ҳангоми хидмат кушта ва ё маъюб шудаанд, ва ба ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд то 75 хол имтиёз медиҳад.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказу роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад. Ин марказ дар ҳоле ба роҳ андохта шуд, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон, бахусус мактабҳои олӣ, аз ҷумлаи ниҳодҳои фасодзада дар кишвар номида шуда, бисёриҳо дигар ба инки касе битавонад бидуни «тағо» ба риштаҳои бонуфузе, чун тиббу ҳуқуқ, дохил шавад, аслан бовар надоштанд.

XS
SM
MD
LG