Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази миллии тестӣ – масъули баргузории имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон – барои нахустин бор гирифтани изи ангушти довталабонро ҷорӣ кардааст. Манобеи ин марказ рӯзи 11 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳадаф аз ин тасмим ҷилавгирӣ аз вуруди хешутабор ва ё шахсони тамоман бегона ба ҷои довталабони мактабҳои олист.

Бисёриҳо дигар ба инки касе битавонад бидуни тағо ва ришва ба риштаҳои бонуфузе, чун тиббу ҳуқуқ дохил шавад, аслан бовар надоштанд.

Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ, низ бо тасдиқи хабар гуфт, "дар вақти сабтиноми довталабон изи ангушти онҳо гирифта мешавад, то ба ҷояшон каси дигар ворид нашавад. Танҳо дар сурати мувофиқ омадани изи ангушти довталаб ба ӯ ҳаққи ворид шудан ба имтиҳонҳо дода хоҳад шуд."

Ин масъули Маркази миллии тестӣ гуфт, дар гузашта таҷриба нишон додааст, ки баъзе довталабон ба ҷойи худ бародару хоҳарашонро ба имтиҳонҳо фиристодаанд, то холи зиёдтар бигиранд. Ситорабону Назаров афзуд, "он вақт низ аз чунин талошҳо пешгирӣ шуда буд, аммо каме бо мушкилӣ. Акнун бо гирифтани изи ангушт ин кор ҷиддӣ ва осонтар шудааст. Дигар довталабон наметавонанд, касеро фиреб кунанд, чун ҳамааш мисли оина рӯшан аст."

Бо манзури гирифтани изи ангушти довталабон Маркази милли тестӣ аз хориҷ дастгоҳҳоро ворид кардааст. Ин дастгоҳҳо дар тамоми 33 нуқтаи сабтиноми доимоамалкунанда ва 21 нуқтаи сайёр насб шудаанд. "Сабтиноми довталабон аз 1 марти соли равон шуруъ шуда, даври аввали он то 15 апрел идома мекунад", - гуфт Ситорабону Назарова.

Имсол маблағи сабтиноми довталабон 20 сомонӣ афзоиш ёфта, ба 220 сомонӣ баробар шудааст. Довталабоне, ки яке аз волидонашон вафот кардааст, 50 дарсади ин пулро пардохт хоҳанд кард. Ятимони кулл аз пардохти маблағ пурра озод шудаанд.

Маркази миллии тестӣ дар оғози моҳи феврали имсол аз сатҳи дониши хонандагони макотиби миёнаи Тоҷикистон аз фанни забони тоҷикӣ изҳори нигаронӣ карда ва аз Вазорати маориф ва илм хостааст, то чораҳои заруриро рӯи даст бигирад. Пажӯҳиши ин ниҳод дар чаҳор мактаб нишон додааст, ки аз миёни 916 нафар довталаб танҳо 1 нафар тавонистааст, холи пурра аз забони тоҷикиро ба даст орад.

Ин марказ дар ҳоле ба роҳ андохта шуд, ки ниҳодҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бахусус мактабҳои олӣ, аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар номбар мешуданд.

Ҳоло бар асоси як дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 дар имтиҳони қабул иншои озод ё эссе ҷорӣ карда мешавад. Ба гуфтаи масъулони марказ, иншои мазкур дар шакли дастнавис гирифта мешавад ва 3 омӯзгор ҳаққи тафтиши онро доранд.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказ роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад. Ин марказ дар ҳоле ба роҳ андохта шуд, ки ниҳодҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бахусус мактабҳои олӣ, аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар номида шуда, бисёриҳо дигар ба инки касе битавонад бидуни тағо ва ришва ба риштаҳои бонуфузе, чун тиббу ҳуқуқ дохил шавад, аслан бовар надоштанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG