Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳодисаи худкушии чанд духтари ҷавон дар ноҳияи Мастчоҳи нав сокинони ин минтақаро ҷиддан нигарон кардааст. Дар давоми ду соли гузашта шаш духтари маҳаллӣ қасд ба ҷони худ кардааст ва аз ин чор ҳодиса соли 2016 рух додааст. Аксар сокинони ин ноҳияи муҳофизакор дар ҳудуди вилояти Суғд худкуширо хилоф бо ахлоқи исломӣ ва инсонӣ арзёбӣ мекунанд ва дар бисёр ҳолатҳо, мардум аз хонаводаҳои духтарҳои ғӯрамарг фосила мегиранд.

Саида (бо дархости наздиконаш исмаш тағйир дода шудааст) ҳамагӣ 18 сол дошт ва мехост баъди хатми мактаб ба Донишгоҳ тиббӣ дохил шавад. Ӯ дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва устодон аз ӯ умеди зиёд доштанд. Оилаи Саида оилаи соҳибмаълумот аст, вале фоҷеае, ки бо ин духтар сар зад, ҳама, пеш аз ҳама падару бародаронашро таконзада кард. Бо гузашти 2 сол аз марги Саида, то ҳол асрори худкушии ӯ пӯшида боқӣ мондааст.

Дар давоми ду соли гузашта шаш духтари маҳаллӣ дар Мастчоҳ қасд ба ҷони худ кардаанд ва аз ин чаҳор ҳодиса соли 2016 рух додааст.

Саидпочо Ҳофизова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 4 духтаре, ки даст ба худкушӣ задаанд, то 29-сола буданд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз духтарҳои 21-сола дар пайи баҳсҳои оилавӣ даст ба худкушӣ задааст ва асрори худкушии 3 нафари дигар то ҳол номаълум аст.

Ноҳияи Мастчоҳ, дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир буда, яке аз манотиқе мебошад, ки худкушӣ дар он нисбат ба дигар минтақаҳои вилояти Суғд камтар рӯй медиҳад. Инчунин худкушии як нафар дар ин ноҳия на танҳо фоҷеаи якумрии тамоми хонавода мешавад, балки наздикони қурбониро ҳам ангуштнамои ҷамъият мекунад. Як коршинос аз ин маҳал мегӯяд, кор то ҷое ҷиддист, ки аҳолӣ пеш аз додани духтар ва ё келин кардан аз ин хонадонҳо бисёр боэҳтиёт амал мекунанд. “Доғи худкушӣ болои шонаҳои хонавода мехобад ва бораш хеле сангин аст”,- мегӯянд сокинони маҳаллӣ.

Худкушӣ ҳосили чист?

Шарифамоҳ Маликова, собиқ раиси ҷамоате дар ноҳияи Мастчоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз назари ӯ ҳодисаҳои худкушӣ дар бисёр ҳолатҳо – ҳосили ҷаҳолат, нотавонӣ дар пайдо кардани роҳҳалли мушкил ва кӯмаке аз ҷониби атрофиён аст. Хонум Маликова аз мушоҳидаҳои худ гуфт: “Духтарон ва занон иттилои даркориро барои худ пайдо карда наметавонанд, ба газетаҳо обуна намешаванд, клубҳое, ки солҳои пеш амал мекарданд, акнун нестанд. На китобҳои имрӯзаро мехонанд, на Қуръонро, комилан бесаводанд. Ман ҳисоб кардам, ки 50 дарсади ҳолатҳои худкушӣ аз надоштани дониш ва паст будани маърифати занон аст.”

Аммо на ҳамаи сокинони ноҳия ба ин андеша розӣ ҳастанд. Аз ҷумла Шаҳнози Ниёзбоқӣ, як фаъоли шабакаи иҷтимоӣ аз ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, масъала дар савод нест ва дар миёни қурбониҳо духтарҳои таҳсилкарда ҳам буданд. Ӯ мегӯяд, масъала дар монеа ва урфу одатҳои сунъиест, ки барои духтарҳо дар хонавода ва ҷомеа эҷод шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни онҳо духтароне буданд, ки мехостанд дар донишгоҳ таҳсил кунанд, вале волидонашон инро нахостанд, “ё келинҳое, ки зери хушунату сарзаниши хушдоману шавҳар қарор гирифтаанд.”

Асрори нокушодаи худкушиҳо

Дар ҳамин ҳол Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ бо таъкид ба ин, ки асрори воқеии худкушии аксар духтарон барои онҳо нокушода мондааст, мегӯяд, эҳтимол дорад бори сангини зиндагӣ дар хонаводаҳое, ки аз назари иқтисодӣ азият мешаванд ва мардони хона дар муҳоҷиратанд, ғаму андӯҳи онҳоро зиёд мекунад. Аз рӯи урфу одатҳои маҳаллӣ, баъди рӯй додани фоҷеа маъмулан маросими хоксупорӣ анҷом мешавад ва дигар касе дар пайи тафтиш ва ҷустуҷӯи решаҳои ин ҳодиса намешавад.

Волидон ҳам маъмулан ошкору бепарда гуфта наметавонанд, ки аз сари фарзанди ҷавонмаргашон чӣ фикрҳое мегузашт. Умарзода мегӯяд, ки боиси нигаронӣ аст, ки дар давоми беш аз 1 соли охир додгоҳҳои маҳаллӣ нафареро аз рӯи парвандаи “ба худкушӣ расонидани духтарон”, ба ҷавобгарӣ ҷалб накардааст. Ба гуфтаи шоираи маҳаллӣ Гулноз Тоҳирова, дар бисёр ҳолатҳо асрори марги фарзандро волидон хеле хуб медонанд ва шояд шарики ин фоҷеа ҳастанд. Вале бо баҳонаи “хеле хусусӣ будани ин дард” мавзӯъро дигар калон намекунанд.

Худкушӣ роҳи ҳал нест...

Заррина Содиқова, як сокини Мастчоҳ мегӯяд, ӯ ҳам ҳамеша аз шунидани ҳодисаи худкушии духтарҳои маҳаллӣ таконзада ва нигарон мешавад. Вай мегӯяд, зиндагиву машғулияти аксар духтарҳо дар ноҳия якранг аст: ҳарчанд онҳоро хонанишин ё бекор мегӯянд, вале ҳар субҳи онҳо бо дӯшидани гов ва ғунучини ҳавлӣ оғоз мешавад. Аз оғози баҳор то охири тирамоҳ вақти бештари духтарҳо дар саҳро мегузарад.

“Кори саҳро барои духтарони деҳот вазнин нест, одат кардаем. Моҳи март пахта кишт мешавад, аввалҳои моҳи май алафчинӣ сар мешавад. Моҳи август пахтачинӣ аст ва мо ба пахтачинӣ меравем.”Баъди бозгашт аз кори саҳро дар хона тамизкориву таҳияи ғизову шустушӯи либосу дигар корҳои марбут ба хизмати аҳли хонавода то поси шаб идома мекунад.

Заррина мегӯяд, духтарони зиёд, ки дониши хуб доранд ва мехоҳанд таҳсилро идома диҳанд, дар оилаашон бо монеаҳои зиёд рӯбарӯ мешаванд. Аксар волидон таҳсили олии духтарро зарур намешуморанд ва хонаводаҳои нодор барои маблағгузории солҳои таҳсили духтар дар шаҳри дигар омода нестанд.

Ба гуфтаи Заррина, то замони шурӯи кори Маркази миллии тестӣ, бархе духтарҳои маҳаллӣ аз рӯи квота ба таҳсил мерафтанд ва аз ин имконият хеле дилгарм буданд. Вале айни замон, аксари духтарҳо баъди таҳсил дар мактаб як роҳ доранд – хонадор шудан. Заррина, ки тавонистааст волидонашро барои иҷозати таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе мутақоид созад, мегӯяд, худкушӣ дар ҳеҷ сурат роҳҳали мушкил буда наметавонад. Заррин афзуд, ҳарчанд ин роҳи душвор аст, вале духтарҳои тоҷик бояд барои иҷрои нақшаҳои худ ва хушбахтии худ мубориза баранд.

Духтарони деҳотӣ аз ҷаҳон бехабар нестанд...

Як духтари дигари мастчоҳӣ гуфт, дар қарни 21 духтарҳо дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон ҳам аз таҳаввулоти ҷаҳон бохабаранд, дастрасӣ ба интернет доранд, филмҳои замонавӣ тамошо мекунанд ва табиатан дар дил орзуву хостҳое доранд, ки шояд гоҳо ҷавобгӯи суннатҳои роиҷ дар минтақа нест. Бархе мехоҳанд ошкор ва бидуни ҳарос бо ҷавоне дӯстӣ барпо кунанд. Дар ҳолати пеш омадани ихтилоф дархосту воқеиятҳо дар зеҳни духтарҳои ҷавон таҳаввулоти ҷиддии равонӣ сурат мегирад ва бархе аз онҳо аз нотавонӣ дар муқобила бо ин монеаҳо қасди ҷони худ мекунанд.

Равоншиносон мегӯянд, ки масъалаи худкушӣ, ва бахусус, худкушии духтарҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз пурра ва ҳамаҷониби омӯхта нашудааст, ҳарчанд сол то сол зарурат ба чунин таҳқиқот ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷеаҳои бештар ва кӯмак ба қурбониҳои эҳтимолӣ дар оянда вуҷуд дорад. Ҳар сол дар Тоҷикистон 400 зан қасди ҷони худ мекунад ва як омили аслии худкушиҳо - хушунати хонаводагӣ будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG