Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ гуна мактабе дар Мастчоҳ қолабшиканӣ кард? ВИДЕО, САДО


Дурдасттарин мактаб дар ҷомеаи Мастчоҳ тавонистааст бо ҷалби духтарон ба таҳсил ба макотиби олӣ, дар ин минтақа маъруф шавад. Мактаби № 29 дар ин ноҳия ягона мактабе мебошад, ки зиёда аз нисфи духтаронаш барои идомаи таҳсил ба донишгоҳ мераванд. Дабистони мазкур ҳамон мактабе мебошад, ки соли 2014 иншои навиштаи муҳассилаш Саноат Шокирзода боиси ҳайрати Вазири маориф ва илм гашта буд.

“Бурди мо танҳо дар корбарии хуб аст”

Ҷалби духтарон барои таҳсил дар донишгоҳ дар ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои охир мушкил буд, чун бино ба сабабҳои мухталиф, волидон беҳтар медонистанд баъди хатми мактаб духтарони худро ба шавҳар бидиҳанд. Аммо масъулини мактаби № 29 мегӯянд, бо кӯшиш ва корбарии дуруст тавонистаанд қолабҳои мавҷударо шикананд ва ҳоло зиёда аз нисфи духтарони мактабашон барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳо мераванд.

Мактабе, ки тарафдори таҳсили мунтазами духтарҳо аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим

Маъмурияти мактаб асрори муваффақият дар ин бахшро ба менеҷмент ё мудирияти хуб рабт медиҳанд. Ба гуфтаи Устоҳафиз Саидов, директори мактаби №29, корбарии хуб миёни волидон ва муттаҳидии коллективи омӯзгорон аз муввафақияти аслии онҳо дар ин самт мебошад.

Ҷаноби Ҳафизов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “маъмурияти мактаб коллективро дар атрофи худ муттаҳид кардаанд. Дар ҳар як чорабинӣ ва идҳое, ки таърихӣ ҳастанд махсусан духтарон фаъоланд. Духтарон ки фаъолият нишон медиҳанд, дугонааш, ки мебинад дугонаи дигараш дар кадом самт қарор дорад, ба ӯ пайравӣ мекунад.”

Инчунин ба гуфтаи директори мактаб, такони ҷиддӣ барои таҳсили духтарон дар ин мактаб медали тиллои Саноат Шокирзода аз Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ буд. Соли 2014 Саноат Шокирзода бо навиштаи иншо дар мавзӯи ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ дар Олимпидаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, соҳиби медали тилло гашта буд.

Чӣ гуна мактабе дар Мастчоҳ қолабшиканӣ кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

“Ман бояд аз модарам пеш гузарам”

Зулфира Розиқова, як хатмкунандаи мактаби №29 мехоҳад табиб шавад. Аммо фарқ дар он аст, ки Зулфира намехоҳад мисли модараш дар Коллеҷи тиббӣ таҳсил кунад, балки кӯшиш дорад дар Донишгоҳи тиббӣ касби пизишкиро азхуд кунад. Зулфира дар оила ягон духтаре нест, ки мехоҳад дар донишгоҳ таҳсил кунад. Хоҳари ӯ Заргина ҳоло донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад.

Зулфира мегӯяд, шарти асосии ӯ ҳатто дар назди шавҳаршавандаи ояндааш ҳам ин хоҳад буд, ки барои таҳсил ва кор кардани ӯ монеа эҷод накунад: “Ман мехоҳам, ки мисли модарам табиб шавам ва ҳатто аз ӯ болотар дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил кунам. Дар оянда ҳатто ба шахсе оиладор мешавам, ки ба таҳсил ва фаъолияти касбии ман иҷозат диҳад.”

“Бесаводии волидайн монеаи аслӣ дар роҳи таҳсили духтарон”

Мактаби №29 дар дурдасттарин минтақаи ноҳияи Мастчоҳ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Ҳоҷӣ Амиров дар наздикиии марз бо Узбекистон қарор дорад. Дар ин мактаб 684 нафар таҳсил мекунад, ки аз он 236 нафарашон духтарон мебошанд. Илова ба медали тиллои Саноат Шокирзода, соли гузашта ду духтар аз ин мактаб соҳиби медалҳои тилло ва биринҷии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гаштанд.

Аз 16 квотае, ки соли равон барои ноҳияи Мастчоҳ пешбинӣ шудааст ҳудуди 50 дарсади он ё 8 ададашро хонандагони мактаби №29 ба даст оварданд. Соли равон аз 30 духтари хатмкунандаи ин мактаб аллакай 21 нафар ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супоридаанд.

Аҳолии деҳаи Ҳоҷӣ Амиров мегӯянд, чанд омил аст, ки онҳоро водор мекунад то ба идомаи таҳсили духтарон иҷозат диҳанд. Мирзоҳомид Ниёзов аз он нафароне мебошад, ки мегӯяд 4 духтараш таҳсил карда соҳиби касби худ мебошанд. Ниёзов мегӯяд, “ду духтарам Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳро хатм карда, духтари сеюмам омӯзгор ва духтари чорумам дӯзанда аст. Сокинони ин деҳа он нафароне нестанд, ки мисли солҳои аввали муҳоҷират бесавод бошанд. Ҳоло аксарият саводнок мебошанд.”

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт, гузаштагони сокинони ин деҳа дар гузашта дар маркази ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ зиндагӣ мекарданд ва аз аҳолии дигар минтақа аз ҳисоби маълумотнокӣ фарқ доштанд.

“Камбуди молиявӣ монеи дигар дар роҳи таҳсили духтарон”

Агар дар дигар манотиқи ноҳияи Мастчоҳ эҳтиёткории сокинон монеа дар роҳи идомаи таҳсили духтарон бошад, пас дар мактаби №29 ва деҳаи Ҳоҷӣ Амиров камбуди иқтисодӣ ба гуфтаи сокинон ба баъзе духтарон имкон намедиҳад таҳсили худро идома диҳанд. Аз 39 духтароне, ки соли равон мактаби мазкурро хатм мекунанд, ҳоло 21 нафари онҳо ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супоридаанд. Масъулини мактаб мегӯянд, кӯшиш мекунанд духтарони боқимонда ақалан барои омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шаванд.

Ба гуфтаи Устоҳафиз Саидов, дар аксари ин ҳолатҳо волидайн бо сабаби камбуди иқтисодӣ наметавонанд духтаронашонро ба донишгоҳ фиристанд. Аз ҷумла ҳамон Саноат Шокирзода, ки бо медали тиллои Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ метавонист ба донишгоҳи дилхоҳаш дар дохили кишвар дохил шавад, натавонист таҳсилашро идома диҳад. Наздикони Саноат нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд, аммо масъулини мактаб мегӯянд, бо сабаби камбудии иқтисодӣ дар оила, ӯ натавонист дар донишгоҳ таҳсил кунад.

Бино ба арзёбии ахири Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, 30 дар сади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд ва ҳамин мушкил як сабаби дигари кам будани теъдоди духтарони тоҷик дар донишгоҳҳои олиии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG