Пайвандҳои дастрасӣ

Муаммои худкушии муаллимаи англисӣ дар Вахш


Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш.

Дар ҳоле, ки мақомоти ноҳияи Вахш бар пояи хулосаи табибон мегӯяд, ки Шаҳноза Анварӣ бинобар бемории равонӣ даст ба худкушӣ зад, аммо падари ин муаллимаи ҷавон исрор дорад, ки духтараш мубтало ба бемории равонӣ набуд. Шаҳнозаи Анварии 26-сола, авохири моҳи апрели соли ҷорӣ, даст ба худкушӣ зад.

Мақомот: "Шаҳноза беморӣ равонӣ буд"

Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Вахш рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ сабаби марги Шаҳнозаи Анвариро ба бемории равонӣ будани ӯ, рабт дод. Ӯ гуфт, "сабаби марги муаллимаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳлил карданд ва маълум шуд, ки ӯ бемории равонӣ будааст. Хулосаи духтурон ва ҳам намояндагони ҳифзи ҳуқуқ низ ҳамин аст."

Пас аз пайдо кардани ҷасади Шаҳнозаи Анварӣ, ҳамкоронаш гуфта буданд, ки ӯ ду соли ахир дар мактаб омӯзгори забони англисӣ буд ва ҳеҷ гуна мушкили равонӣ ва ҳатто ҳатто хастаҳолиро дар ӯ мушоҳида накарда буданд.

Ҷасади Шаҳнозаи Анварӣ, омӯзгори 26-солаи забони англисӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3-и ноҳияи Вахш шаби 28 ба 29 апрел аз оғили хонаашон дар банди дор пайдо шуда буд. Мақомот он замон гуфта буданд, ки Шаҳнозаи Анварӣ бо рӯймоли сараш худро ба дор овехта, барои падараш паёмеро рӯи девор гузошта буд, ки "Падарҷон, афгор шудаам."

Падари Шаҳноза: "Марги духтарам ҳанӯз як муаммост"

Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Вахш.
Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Вахш.

Дар ҳоле, ки мақомот сабаби худкушии Шаҳнозаи Анвариро дар бемории равонӣ будани ӯ рабт медиҳад, вале падари ӯ Анвар Сафаров мегӯяд, ки худкушии духтараш ҳануз барои ӯ муаммо аст ва қабул надорад ки бемории равонӣ будааст. Анвар Сафаров рӯзи 27-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло хулосаи мақомоти тафтишотро нашунидааст ва мунтазир аст, ки ба ӯ ҷавоби қонеъкунанда медиҳанд:

"Духтарам бемор набуд, кор мекард ва сиҳату саломат буд. Дар Маркази тестӣ масъул буд, чанд рӯз онҷо ширкат карда буд. Ман ҳоло ба хулосаи мақомоти тафтишот розӣ нестам, ҳоло хомӯш ҳастанд. Ба ман натиҷаи хулосаи худро нагуфтанд, ҳоло манро даъват накардаанд, мунтазир ҳастам, ки даъватам кунаду хабар диҳанд. Аз мақомоти тафтишот хостам, ки телефонашро тафтиш кунанд, бубинанд, ки бо кӣ суҳбат кардааст. Оё ягон фишору таҳдиде аз телефон будааст ё не. Гуфтанд, ки якмоҳа суҳбатҳои ӯро санҷиш мекунад, лекин ҳоло хеҷ хабаре надорем."

Ҳамкорон: Ҳамеша хушҳол буд

Пас аз пайдо кардани ҷасади Шаҳнозаи Анварӣ, ҳамкоронаш гуфта буданд, ки ӯ ду соли ахир дар мактаб омӯзгори забони англисӣ буд ва ҳеҷ гуна мушкили равонӣ ва ҳатто ҳатто хастаҳолиро дар ӯ мушоҳида накарда буданд. Ба гуфтаи онҳо, Шаҳнозаи Анварӣ доимо хушҳол ба назар мерасид ва дар зиндагии шахсӣ муваффақ низ буд. Шаҳноза соҳиби хона ва ду фарзанд буд ва шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт.

Аммо яке аз наздикони Шаҳнозаи Анварӣ рӯзи 26-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чандин маротиба ӯ талоши худкушӣ карда буд. Ин хешованди Шаҳнозаи Анварӣ афзуд, ки чанд соли пеш як бародари ӯ низ аз роҳи худкушӣ худро ба марг расонида буд. Он замон сабаби худкушии бародари Шаҳнозаи Анвариро низ омили равонӣ ном бурда буданд.

Искандар Солеҳзода.
Искандар Солеҳзода.

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ дар иртибот ба мавориди худкушӣ дар қаламрави ин вилоят аз Шаҳнозаи Анварӣ мисол овард ва гуфт, ки сабаби аксари ин ҳаводис, ба ҳолати равонии онҳо рабт мегирад.

"Як чизе ҳаст, ки ба забон гирифтан намехоҳем, вале бисёраш бемории равонӣ ё рӯҳӣ ҳастанд, ки ба худкушӣ даст мезананд. Бемориҳои рӯҳӣ баҳору тирамоҳ авҷ мегиранд. Дар худкушии ноҳияи Вахш, ки гуфта буд “Падарҷон манро бубахш”, падараш корманди ҳукумат, худаш омӯзгор, зиндагияш хуб, духтар фарзандони хуб ва оилаи хубе дошт, вале ба ин кор даст задааст.",-афзуд Искандар Солеҳзода.

Чӣ гуна "равонӣ" ба талабагон дарс мегуфт?

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯяд Шаҳнозаи Анварӣ гирифтори бемории равонӣ буд, суоли матраҳ ин аст, чӣ тавр вай ба хонандагон аз забони англисӣ дарс мегуфт. Шаҳноза Холова, мудири маориф ва илми ноҳияи Вахш дар посухи ин суол гуфт, ки Шаҳнозаи Анварӣ зоҳиран солим буд ва аз муоинаи пизишкӣ низ гузашта буд.

Ба гуфтаи хонум Холова, дар мавриди бемор будани Шаҳнозаи Анварӣ хабаре надоштанд: "Ҳар сол омӯзгорон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, саломатияшон санҷида мешавад. То замони ҳодиса касе намедонист, ки ӯ бемори рӯҳӣ аст. Муносибаташ ба бемор монанд набуд, дарсҳояшро хуб мегузаронд, ҳуҷҷатгузорияш сари вақт иҷро мешуд, омӯзгори хуб буд. Муаллимаҳое ҳастанд, ки хона надоранд, вале ӯ ҳамаҷиҳата таъмин буд".

Марги мармуз

Бо вуҷуди он, ки сабаби худкушии Шаҳнозаи Анварӣ бемории равонӣ гуфта мешавад, аммо сӯҳбати ҳамкорону пайвандонаш бештар ба мармуз будани марги ӯ таъкид мекунад.

Зимнан, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 36 мавриди худкушӣ тавассути занону духтарон сабт шуда, ки дар натиҷа 28 нафари онҳо ҷон додаанд. Раъно Раҳимзода, раиси Идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон сабабҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон дар миёни занону духтаронро дар бемории равонӣ ва мушкили иқтисодию иҷтимоӣ медонад.

Аммо мақомот дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавориди худкушии мардҳоро низ ошкор кардааст. Дар ин муддат худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳи донишгоҳ ва чандин ноболиғ, ки хонандаи мактаб будаанд, сабт шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG