Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳҳо боз ҳам боло рафт


Қарор аст, ки нархи таҳсил дар бахшҳои шартномавии донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ то даҳ дарсад афзоиш ёбад. Мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки қимати таҳсил метавонист аз ин ҳам боло раванд, аммо ин ниҳод ба ҳукумат тавсия дод, ки болоравиро дар сатҳи 10 дарсад нигаҳ дорад. ​Ҳудуди 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоат дониста мешаванд ва болоравии нарх, фарзандони онҳоро аз таҳсили шартномавӣ маҳрум мекунад.

Нигина кор меҷӯяд

Нигина Амирбековаи 20-сола, ки дар соли сеюми факултети иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад, солона то 7 ҳазор сомонӣ маблағи шартнома пардохт мекунад. Ин ҷавондухтар рӯзи 27-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кор ҷустуҷӯ мекунад, то андаке худкифо бошад. Зеро волидайн дар пардохти маблағи шартномаи таҳсили ӯ ва хоҳари донишҷӯяш, мушкилӣ мекашанд.

Дар сурати 25 дар сад боло рафтани маблағи шартномаи таҳсил, он гаҳ дар факултае, ки Нигина мехонад, шартнома аз 7 ҳазор то 9 ҳазор сомонӣ мерасад.

Нигина дар хонаводае зиндагӣ мекунад, ки онро дар Тоҷикистон “миёнаҳол” меноманд. Ин хонаводаҳо ба қадри кофӣ маблағ барои хӯроки истеъмолӣ доранд, вале барои таҳсилу хариди ашёҳои зарурӣ барои зиндагӣ танқисӣ мекашанд.

Ҳарчанд, хонаводаҳое чун хонаводаи Нигина Амирбекова дар пардохти пули таҳсил мушкилӣ доранд, Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон 27 июл гуфт, ки донишгоҳҳои кишвар ин маблағро барои таҳсил кам мешуморанд ва барнома доранд, ки қиммати таҳсили шартномавиро то 25 дарсад афзоиш диҳанд.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон

Дар сурати 25 дарсад боло рафтани маблағи шартномаи таҳсил, он гаҳ дар факултае, ки Нигина мехонад, шартнома аз 7 ҳазор то 9 ҳазор сомонӣ мерасад. Аммо Саъдӣ Қодирзода мегӯяд, бо дарназардошти вазъи зиндагии сокинон, баръакси донишгоҳҳо ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки маблағи шартнома танҳо 8-10 дар сад боло бурда шавад.

Соҳаи маорифи Тоҷикистон аз будҷаи ҳукумат маблағи зиёд дарёфт намекунад ва маоши муаллимҳо дар мактабу донишгоҳҳо барои зиндагии онҳо кифоят намекунад. Ин аст, ки фасодкорӣ дар ин соҳа бештар мушоҳида мешавад.

"Маблағи Боғча аз Донишгоҳ бештар аст"

Раҳмон Улмасов, муовини раиси Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия мегӯяд, ки афзоиши қимати таҳсил як амри зарурӣ шудааст, зеро устодони донишгоҳ водор мешаванд бо маоши андаке дарс диҳанд ва ин ҳолат ба сифати таҳсил таъсири номатлуб мегузорад. Улмасов гуфт, “қимати таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бо дарназардошти камбизоатии сокинон ҳоло низ яке аз пасттаринҳо дар ҷаҳон мебошад”.

Раҳмон Ӯлмасов.
Раҳмон Ӯлмасов.

"Ба унвони мисол, таҳсил дар бахши шартномавии факултети ҳуқуқи донишгоҳи мо дар як сол 7 ҳазор сомонӣ аст. Аммо барои нигоҳубини як кӯдак дар бархе аз боғчаҳои бачагонаи шаҳри Душанбе дар як моҳ 100 доллар ва бештар аз он пардохт мекунанд. Дуруст аст, ки дар боғча барои кӯдакон ғизо медиҳанд, аммо дар донишгоҳ низ докторони илм дарс медиҳанд",-гуфт Раҳмон Ӯлмасов.

Бинобар гарон будани нархи шартномаи таҳсил ҷавонон талош мекунанд, то дар бахшҳои будҷавӣ ворид шаванд. Бахшҳои будҷавӣ сад дар сад аз ҳисоби давлат таъмин мешаванд ва донишҷӯ маблағ намесупорад.

Ҳама мехоҳад будҷавӣ таҳсил кунад, вале...

Ситорабону Киромова, намояндаи Маркази миллии тестии Тоҷикистон, ниҳоди масъули қабули имтиҳоноти дохилшавии довталабон ба донишгоҳҳои кишвар мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ ҳудуди 45 ҳазор ҷавон барои таҳсил дар бахши будҷавӣ ва ҳудуди 20 ҳазор ба бахши шартномавӣ ҳуҷҷат ва имтиҳон супоридаанд.

Дар назди Маркази миллии тестӣ. Акс аз бойгонӣ.
Дар назди Маркази миллии тестӣ. Акс аз бойгонӣ.

Ӯ мегӯяд, бештари ҷавонон ба бахшҳои будҷавӣ ҳуҷҷат месупоранд, вале таҳсили бархе ихтисосҳо дар донишгоҳҳо шартномавӣ ба роҳ монда шудааст ва донишҷӯ интихоб надорад: “Бархе аз донишгоҳҳо, аз ҷумла Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барои таҳсили дандонпизишкон шакли будҷавӣ надорад. Ё ҳастанд донишгоҳҳое, ки ба бахши ғоибона танҳо ба таври шартномавӣ донишҷӯ қабул мекунанд ва бархе аз ҷавонон мехоҳанд маҳз дар ҳамин ришта таҳсил карда, ҳамзамон кор кунанд».

Зимнан, ба гуфтаи Ситорабону Киромова, натиҷаи имтиҳонҳои тестӣ 3-уми август эълон мешавад ва ҳамаи довталабон огаҳӣ меёбанд, ки донишҷӯ шудаанд ё бояд соли оянда барои идомаи таҳсил талоши дубора кунанд. Аммо довталабони қабулшуда ё волидайни онҳо бояд дар тӯли ду ҳафта ба донишгоҳ ҳозир шаванд ва тамоми ҳуҷҷатгузориҳо, бахусус пардохти қимати таҳсилро анҷом диҳанд.

Ҳазорон хатмкунандаи бекор...

Ҳамасола ҳазорҳо нафар донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси мухталиф, аз ҷумла духтур, муҳандис, муаллим, ҳуқуқдон ва иқтисоддон хатм мекунанд. Аммо бинобар сатҳи баланди бекорӣ онҳо ё аз пайи кор бо тахассусҳои дигар мераванд, ё барои кор ба хориҷ рӯ меоранд.

Ҳудудан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунад. Бар пояи омори расмӣ, аз оғози сол беш аз 242 ҳазор шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва беш аз 20 ҳазори онҳо занҳо будаанд. Дар миёни ин афрод шаҳрвандони дорои маълумоти олӣ низ кам нестанд, ҳарчанд мақомоти тоҷик омори дақиқеро дар ин бора пахш намекунад.

XS
SM
MD
LG