Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 акс аз харобкории сел дар Деваштич

Дар пайи бориши сахти борону жола дар рустои Овчии ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ), ки ба қавли сокинонаш бист дақиқа идома кард, чандин хона зери обу лой монда, чанд гектар замин, аз ҷумла замини кишти картошка хароб шудааст. Як сокини рустои Овчӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса нисфирӯзи 1-уми июл рух дод ва мардум барои рафи оқибати офати табиӣ худ даст ба кор шудаанд.
Дар як ҳафтаи ахир дар чанд ноҳияи кишвар бар асари боронгариҳои зиёд сел омада, хонаи бархе аз сокинонро вайрон ва боис ба марги як нафар дар ноҳияи Айнӣ шудааст. Мақомот гуфтанд, ки дар пайи омадани сел дар рустои Амондараи ноҳияи Панҷакент беш аз 80 хона зарар дидааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG