Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи мухолифони Сурия аз музокироти Остона ҳимоят кард


Эътилофи аслии мухолифони Башор Асад, ки қароргоҳашон дар Арабистони Саудист, аз нишасти Остона барои ёфтани роҳи поёни ҷанг дар Сурия ҳимоят кардаанд. Музокироти Остона, пойтахти Қазоқистон, дар пайи дидори мақомҳои Русия ва Туркия шакл гирифт. Эрон ҳам аз пуштибонҳои музокирот аст ва гуфта мешавад намояндагони Амрико ба он даъват хоҳанд шуд.

Ба тахмини СММ, дар ҷанги дохилии Сурия ҳудуди 300 ҳазор нафар кушта шуда ва 11 миллион нафар хонаву кошонаи худро тарк кардаанд.

Ба гузориши Ройтерс, дар баёнияи Шӯрои олии музокирот, яъне Эътилофи аслии мухолифони Асад, гуфта шудааст, ки "ин кумита ҳимояти худро аз нишасти ҳайатҳои низомӣ эълон мекунад ва умед дорад, натиҷаи он бо оташбас бианҷомад." Эътилоф, инчунин, ибрози умед кардааст, ки нишасти Остона қадами аввал ба сӯи даври баъдии музокироти сиёсӣ бошад.

Стефан де Мистура
Стефан де Мистура

Стефан де Мистура, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Сурия, гуфт, мехоҳад рӯзи 8 феврал музокиротеро дар Женева баргузор кунад. Мақомоти Русия гуфтаанд, музокироти Остона қасди рақобат бо Созмони Милалро надорад ва беҳтар медонад, ки "такмилкунандаи он” бошад.

Ҳамзамон бо эълони ҳимояти Эътилофи мухолифони Асад, Туркия низ эълон кард, ки Маскаву Анкара тавофуқ намуданд, то Иёлоти Муттаҳида дар нишасти сулҳи Сурия дар пойтахти Қазоқистон ширкат кунад. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, таъкид кард, ки наметавон нақши Вашингтонро дар музокирот нодида гирифт.

Музокироти Остона қарор аст пас аз андаке ташкили ҳукумати нави Амрико ба раҳбарии Доналд Трамп барпо шавад. Давлати Барак Обама моил аст, ки Ҳизби иттиҳоди демократии Сурия дар нишаст иштирок кунад. Аммо Анкара ин ҳизбро шохае аз ПКК, ҳизби коргарони Курдистон медонад ва аъзову шибҳанизомиёни вобастаи онро – террорист. Иттиҳоди демократии Сурия ва шибҳанизомиёни умдатан курд аз муваффақтарин гурӯҳҳо дар набарди заминӣ бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дониста мешавад.

Эрон аз ҳомиёни дигари Башор Асад, дар канори Русия аз музокироти сулҳи Сурия дар Қазоқистон ҳимоят кардааст. Раиси Кумисюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон қаблан гуфта буд, "ин роҳи ҳалли мантиқӣ аст ва мо мехоҳем бори дигар худро биозмоем".

Ҳамзамон бо таҳаввулоти тоза дар иртибот бо музокироти Остона гузориш шудааст, ки гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” даст ба ҳамлаи густардае дар шарқи Сурия задааст. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия ин юришро аз ҳуҷумҳои густурдаи ДИИШ тайи моҳҳои гузашта арзёбӣ кард. Ҷанги дохилии Сурия шаш сол боз идома дорад ва ба тахмини СММ дар ин муддат 300 ҳазор нафар кушта шуда ва 11 миллион нафар хонаву кошонаи худро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG