Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ишғоли Ҳалабро оғози сулҳ дар Сурия номид (ВИДЕО)


Раиси ҷумҳури Русия, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро бо ишғоли Ҳалаб табрик гуфтааст.
Раиси ҷумҳури Русия, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро бо ишғоли Ҳалаб табрик гуфтааст.

Раҳбарони Русия ва Сурия аз ишғоли комили шаҳри Ҳалаб дар рӯзи 23-уми декабр изҳори қаноатмандӣ карда ва гуфтаанд, ки акнун шароит барои поён додан ба ҷанг дар ин кишвар муносиб мешавад.

Вале дар замони сӯҳбати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Башшор Асад аз Сурия,, шӯришиён, ки аввали ҳамин ҳафта аз Ҳалаб берун бурда шуданд, ҳамла ба шаҳрро аз канорҳои он идома доданд ва нерӯҳои давлатӣ бомборони мавзеъҳои шӯришиёнро аз сар гирифтанд.

Владимир Путин рӯзи 23-уми декабр ҳангоми нишасти хабарии солонааш дар Маскав гуфт, ишғоли Ҳалаб “як ҷанбаи муҳим барои ба эътидол овардани вазъ дар Сурия аст.”

Ӯ афзуд, ки созиши оташбас ва берун кашидани шӯришиён аз Ҳалаб ба шарофати Русияву Эрон, ҳомиёни ҳукумати Башшор Асад ва Туркия, пуштибони шӯришиён ба даст омадааст. Ба гуфтаи Владимир Путин, се кишвар масъулияти худро барои расидан ба созиши оташбаси саросарӣ ва ҳалли сиёсии муноқиша дар Сурия нишон доданд.

“Дар оянда бояд, созиши оташбас дар саросари Сурия ба даст ояд ва баъди он фавран музокироти воқеӣ барои ҳалли сиёсии (муноқиша) оғоз ёбад.” – гуфт, Владимир Путин.

Нерӯҳои давлатии Сурия Ҳалабро гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Ба қавли раиси ҷумҳури Русия, се кишвар мувофиқат кардаанд, даври дигари гуфтугӯҳои сулҳ дар Сурия дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шавад ва Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия тарҳи гуфтӯгуҳоро қабул кардааст.

“Раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, лутф кард ва розӣ шуд, ки барои музокиро замина ва шароит фароҳам кунад. Ман бисёр умедворам, ки ҳамаи инро амалӣ мекунад.

Табрики Асад барои ишғоли Ҳалаб

Башшор Асад гуфтааст, ки акнун роҳи "кори сиёсӣ" дар Сурия боз шуд
Башшор Асад гуфтааст, ки акнун роҳи "кори сиёсӣ" дар Сурия боз шуд

Чанде баъд аз нишасти хабариаш, Владимир Путин ба Башшор Асад занг зада ва ӯро барои ишғоли шаҳри Ҳалаб табрик гуфтааст. Ба гуфтаи Кремл, Владимир Путин ба Башшор Асад гуфтааст, ки “Акнун ҳадафи асосӣ талош барои расидан ба сулҳ аст, аз ҷумла таҳияи созиш дар бораи ҳалли фарогири бӯҳрон дар Сурия.”

Хабаргузории “САНА”-и Сурия навишт, ки Башшор Асад дар посух гуфтааст, ки бо “ташвиқи бисёриҳое, ки аввал монеи роҳи ҳалли сиёсӣ дар Сурия мешуданд ва намехостанд ба раванд ҳамроҳ шаванд ва барои мусолиҳаи миллӣ кор кунанд,” ҳоло “дар ба рӯи кори сиёсӣ дар Сурия боз шудааст.”

Ҳасан Насрулло, раҳбари созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки шикаст хӯрдани шӯришиён дар Ҳалаб нишон дод, ки ҳаргуна умедворӣ дар бораи суқути режими Башшор Асад аз байн рафт ва роҳ барои ҳалли сиёсии муноқиша боз шуд.

“Баъди Ҳалаб, метавонем бигӯем, ки ҳадафи суқут додани режим ноком шуд.” – гуфт, ӯ дар як суханронӣ дар телевизион. Ҳукумати Русия рӯзи 23-уми декабр ҳамчунин хабар дод, ки Владимир Путин амр додааст, таъсисоти низомии баҳрии Русия дар шаҳри Тартуси Сурия васеътар карда шавад ва айни замон мутахассисони низомии Русия барои поксозии манотиқи ишғолшудаи Ҳалаб ва “таъмини субот” ба ин шаҳр фиристода шаванд.

XS
SM
MD
LG