Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия. Мухолифон автобусҳои роҳии деҳаҳои шианишинро оташ задаанд. 2 ВИДЕО


Тибқи гузоришҳо аз Сурия, мухолифони ҳукумати Башор Асад ба автобусҳое, ки қарор буд сокинони ду деҳаи шианишинро дар вилояти Адлаб интиқол бидиҳанд, ҳамла карда ва онҳоро ба оташ кашидаанд. Ба гуфтаи созмонҳои фаъоли ҳуқуқи башар, ҳадди ақал 5 автобус, ки қарор буд захмиён ва беморонро аз ду деҳа интиқол бидиҳанд, сӯзонида шудаанд.

Деҳаҳои шианишини Фуъа ва Кифроё дар назорати гурӯҳи "Фатҳи Шом" мебошад. Паз аз ин ҳодиса хавфи он вуҷуд дорад, ки созиши нави ҳукумати Башор Асад ва мухолифон ба поён бирасад ва раванди хуруҷи ғайринизомиён ва мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия аз шарқи шаҳри Ҳалаб бори дигар қатъ шавад

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Сурия қабл аз зӯҳри якшанбе эълон карда буданд, ки хуруҷи сокинони бахшҳои шарқии шаҳри Ҳалаб бо назорати Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Сурия оғоз шудааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, автобусҳо ба ин ҳадаф дар ҳоли вуруд ба шарқи Ҳалаб буданд, то ғайринизомиён ва мухолифони мусаллаҳро аз ин минтақа берун баранд.

Хавф аз "Серебренитсаи дигар"

Расонаҳои давлатии Сурия эълон карданд, ки дар созиши нав бо мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Башор Асад, 1200 нафар аз минтақаҳои шианишини Фуъа ва Кифроё дар вилояти Адлаб низ, ки дар муҳосираи мухолифон ҳастанд, ҳамзамон аз ин манотиқ берун хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, Фаронса мегӯяд, ки ин кишвар пешнависи қатъномаеро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки ҳадафи он фиристодани "нозирон"-и СММ ба Ҳалаб барои пешгирӣ аз рух додани фоҷеа ё "Серебренитсаи дигар" аст.

​Намояндаи Фаронса дар СММ ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ҳузури нозирон СММ метавонад пеши рух додани куштори эҳтимолӣ ва табдил шудани Ҳалаб ба "Серебренитсаи дигар"-ро бигирад. Ишораи сафири Фаронса ба "фоҷеаи Серебренитса" дар соли 1995 аст, ки дар он ҳазорон нафар аз мардон ва писарони босниягӣ кушта шуданд ва СММ он воқеаро "наслкушӣ" номид.

Хуруҷи ғайринизомиён аз шаҳри Ҳалаб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Бан Ки Мун бояд чӣ кор кунад?

Пешнависи қатънома аз дабири кулли СММ мехоҳад то коркунон ва ҳайати ин созмонро, ки дар ҳоли ҳозир дар Сурия ҳастанд, фавран ба минтақаи Ҳалаб бифиристад, то назорати мустақим, муносиб ва бетараф анҷом дода ва хуруҷи мардум аз минтақаҳои шарқии ин шаҳр сурат бигирад ва нозирон гузориши худро дар мавриди тарки минтақаҳои муҳосирашуда ва ҳифзи ғайринизомиён, ироа кунанд.

Ҳамзамон Бан Ки Мун бояд шумораи кормандони феълиро афзоиш диҳад ва ин қатънома аз ҳукумати марказии Сурия низ мехоҳад, ки имкон ва шароити расидани кормандони СММ ба минтақаро фароҳам кунад. Дар сурати қабули ин қатънома, дабири кулли СММ вазифадор хоҳад шуд, то пас аз панҷ рӯз Шӯрои Амниятро дар ҷараёни раванди истиқрор ва иқдомҳои нозирон дар Ҳалаб бигузорад.

Тайи солҳои гузашта дастрасии СММ ва имдодгарони байналмилалӣ ба минтақаҳои муҳосирашудаи Ҳалаб тақрибан ғайримумкин буд ва оташбасҳои пароканда низ кӯмаки зиёде ба ин қазия накардаанд.

Эҳтимоли ветои Маскав

Ҷаласаи аъзои Шӯрои амният қарор аст субҳи якшанбе (ба вақти Амрико) баргузор шавад. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки маълум нест Русия бо фиристодани нозирон мувофиқат хоҳад кард ё на. Ин кишвар соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои Амният аст ва аз муҳимтарин муттаҳидони режими Башор Асад ба шумор меравад.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ.
Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ.

Рӯзи ҷумъа Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ ба Шӯрои Амният гуфта буд, "Димишқ беш аз як бор таъкид кардааст, ки омода аст дар музокирот миёни давлат ва мухолифон ширкат кунад. Давлати Сурия дар ҳама музокираҳои пешин, канорагирии Асад аз қудрат барои расидан ба як тавофуқи сиёсиро рад карда буд. Канор рафтани Башор Асад аз қудрат, солҳо аз муҳимтарин "пешшартҳо" ва хостаҳои мухолифин ва муттаҳидони ғарбӣ ва дигар мухолифони режими Асад дар Ховари Миёна мебошад.

Бинобар гузоришҳо, ҳазорон тан аз ғайринизомиёни суриягӣ ва низ мухолифони мусаллаҳ, дар минтақаҳои таҳти муҳосираи Ҳалаб ҳамчунон дар интизори созиши нав барои берун шудан аз шаҳр ҳастанд.Гуфтугӯҳои телефонӣ низ миёни мақомҳои Русия, Эрон ва Туркия сурат гирифтааст ва ба гуфтаи Маскав, ин "гуфтугӯҳо дар пайванд бо "бозпасгирии шарқи Ҳалаб ва холӣ кардани он аз ғайринизомиён ва ҳамчунин дар робита ба осон кардани шароити ғайринизомиён дар дигар минтақаҳои кишвари Сурия аст."

Хуруҷи ғайринизомиён аз Ҳалаб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" рӯзи шанбе аз вазири умури хориҷии Зеландияи нав дар ҷаласаи Шӯрои Амният нақл кардааст, ки Созмони Милали Муттаҳид то ин лаҳза дар анҷоми вазифаи худ дар Ҳалаб, хориҷ кардани ғайринизомиён ва фиристодани кӯмакҳо, нотавон будааст".

Назарбоев миёнҷигарӣ мекунад

Дар ҳамин ҳол, Нурсултон Назарбоев пешниҳод кардааст, ки даври дигари гуфтугӯҳои сулҳ миёни тарафҳои даргири Сурия, дар Қазоқистон баргузор шавад.

Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 17 декабр бо нашрия як эъломия гуфт, Нурсултон Назарбоев дар тамоси телефонӣ раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро аз ин қасди худ огоҳ намуда ва гуфтааст, ки вай омодааст, ки мизбони гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар кишвараш бошад.

Нурсултон Назарбоев аз омодагии кишвараш барои мизбонии гуфтугӯҳои сулҳ дар Сурия хабар додааст.
Нурсултон Назарбоев аз омодагии кишвараш барои мизбонии гуфтугӯҳои сулҳ дар Сурия хабар додааст.

Путин як рӯз қабл дар сафари худ ба Ҷопон гуфт, ки вай ва раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои баргузории музокирот миёни ҳукумати Сурия ва мухолифон талош доранд ва ин гуфтугӯҳо метавонад дар Остона баргузор шавад.

Шаҳри Ҳалаб аз оғози ҷанги дохилӣ дар Сурия, аз пойгоҳҳои муҳими мухолифони Башор Асад ба шумор мерафт ва шӯришиён қисматҳои бузурге аз ин шаҳрро, ки аксари аҳолии он суннимазҳаб мебошанд, дар ихтиёр доштанд. Тайи чанд моҳи ахир шаҳри Ҳалаб саҳнаи даргириҳои хунин миёни нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ва муттаҳидони ӯ бо шӯришиён будааст.

Ҳалаби 4000-сола дар 4 сол вайрон шуд

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар даргириҳои ахир дар Ҳалаб беш аз 300 ҳазор ғайринизомӣ бехонумон шудаанд. Аҳолии минтақаҳои шарқӣ, ки аз соли 2012 таҳти муҳосира будаанд, пас аз фирор аз ин минтақаҳо ба қисмати ғарбӣ ки дар ихтиёри ҳукумати Сурия қарор дорад, гурехтанд.

Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, наздик ба 300 ҳазор ғайринизомӣ "дар шароите бисёр душвор" дар Ҳалаб гирифтор шудаанд.

Давлати Сурия шӯришиёнро муттаҳам кардааст, ки ҷилави ғайринизомиёнро гирифта, намегузоранд, онҳо ба манотиқи амн бираванд. Як мақоми Созмони Милал ҳафтаи гузашта гуфт, шумори афроде, ки дар Сурия таҳти муҳосира қарор доранд, дар муқоиса ба соли гузашта ду баробар шуда ва акнун ба як миллион нафар мерасад.

Шаҳри Ҳалаб, замоне пойтахти тиҷоратии Сурия, ҳоло ба маркази доғтарини ҷанге табдил шудааст, ки наздики шаш сол боз дар Сурия идома дорад. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар ин ҷанги тақрибан шашсола ҳудуди 300 ҳазор одам кушта ва бештар аз 11 миллион нафар гуреза шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG