Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Чин қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи Ҳалабро вето карданд


Як ҷуфти суриягӣ дар назди биноҳои вайрона дар шарқи шаҳри Ҳалаб. Акс аз бойгонӣ.

Русия ва Чин рӯзи душанбе пешнависи қатъномаи пешниҳодшуда ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи оташбаси ҳафтрӯза дар Ҳалаби Сурияро вето карданд. Русия гуфтааст, ки чунин оташбас боиси нерӯ гирифтани гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия мешавад

Русия ва Чин рӯзи душанбе пешнависи қатъномаи пешниҳодшуда ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи оташбаси ҳафтрӯза дар Ҳалаби Сурияро вето карданд. Русия гуфтааст, ки чунин оташбас боиси нерӯ гирифтани гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия мешавад.

Пешнависи қатънома барои оташбаси ҳафтрӯза дар Ҳалабро Миср, Испания ва Зеландияи Нав пешниҳод карда буданд ва 11 кишвар аз он тарафдорӣ карданд. Русия аз оғози ҷанг дар Сурия дар соли 2001, то ба ҳол 6 бор қатъномаҳои пешниҳодӣ дар мавриди ин кишварро вето кардааст. Ин дар ҳолест, ки Чин низ панҷ бор чунин қатъномаҳоро вето кардааст.

Русия гуфтааст, ки чунин оташбас боиси нерӯ гирифтани гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия мешавад."

Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки то ба ҳол шӯришиён аз чунин оташбасҳо барои мустаҳкам кардани мавқеи худ ва ба даст овардани таҷҳизоти ҷангӣ истифода кардаанд ва ин боиси бадтар шудани вазъият барои ғайринизомиён мешавад.

Нерӯҳои давлатии Сурия ва муттаҳидони он дар чанд ҳафтаи ахир амалиётҳои навро дар шарқи Ҳалаб оғоз кардаанд ва тавонистаанд беш аз ниме аз минтақаҳои таҳти назорати нерӯҳои мухолифи ҳукуматро бозпас бигиранд. Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳади ақал 200 ҳазор нафар дар минтақаҳои таҳти назорати нерӯҳои мухолифи Башор Асад дар шарқи шаҳри Ҳалаб банд мондаанд ва ба камбуди ғизо ва доруворӣ рӯбарӯ мебошанд.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ.
Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ.

Дар ҳамин замина, Русия рӯзи душанбе эълон кард, ки музокирот бо Амрико дар бораи хуруҷи ҷангиён аз Ҳалабро оғоз хоҳад кард. Виталий Чуркин, гуфтааст, ки ҳар гуна иқдоми Шӯрои амнияти СММ мебоист ба баъд аз музокироти Маскав ва Вашингтон дар ин замина вогузор мешуд.

Ин дар ҳоле аст, ки муовини сафири Амрико дар СММ дар вокуниш ба изҳороти Виталий Чуркин гуфтааст, ин суханон "баҳона" аст ва гуфтааст, ки "мо то ба ҳол ба созиши асосӣ нарасидаем. Зеро Русия ба ҳифзи дастовардҳои низомӣ беш аз масъалаҳои ғайринизомиён аҳамият медиҳад."

Аз ин қабл мухолифони Асад, ки ҳоло минтақаҳоеро дар шарқи Ҳалаб дар ихтиёр доранд, гуфтанд, ки бо вуҷуди ҳамлаҳои шадиди нерӯҳои давлатӣ, таслим нахоҳанд шуд. Рӯзи шанбеи 3 декабр як мақоми расмии мухолифон бо муттаҳам кардани Русия гуфтааст, ки "нерӯҳои низомии мухолифони Башор Асад бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ва даргириҳои заминӣ, ба мубориза идома хоҳанд дод."

Ба навиштаи хабаргузории "Райтерз", дар даргириҳои ахир дар Ҳалаб беш аз 300 ҳазор ғайринизомӣ бехонумон шудаанд. Аҳолии минтақаҳои шарқӣ, ки аз соли 2012 таҳти муҳосира будаанд, пас аз фирор аз ин минтақаҳо ба қисмати ғарбӣ ки дар ихтиёри ҳукумати Сурия қарор дорад, гурехта буданд, ҳоло бори дигар бо бозпасгирии беш аз 60 дарсад аз манотиқи таҳти контроли мухолифон аз тарафи нерӯҳои давлатӣ, ба хонаҳои худ бармегарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG