Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Амрикову Русия барои эҳёи музокироти сулҳ дар Сурия


Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров, дар шаҳри Женева пас аз анҷоми нишасти хабарӣ дар рӯзи 9-уми сентябр.
Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров, дар шаҳри Женева пас аз анҷоми нишасти хабарӣ дар рӯзи 9-уми сентябр.

Амрико ва Русия ба мувофиқа расиданд, ки дар Сурия созиши оташбас аз сар гирифта шавад. Вазирони умури хориҷии ду кишвар дар шаҳри Женева роҳҳои поён додан ба хунрезии панҷсола дар Сурияро баррасӣ карданд.

Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 9-уми сентябр баъди гуфтӯгу бо Сергей Лавров, ҳамтои русаш дар шаҳри Женева дар як нишасти хабарии муштарак гуфт, дар сурати иҷрои самимонааш, ин тарҳ ба “хотимаи ҷанг” мусоидат мекунад ва “гардиши муҳиме” дар муноқишаи тақрибан шашсола дар Сурия мешавад.

“Имрӯз Амрико ва Русия тарҳеро эълон мекунанд, ки мо умедворем, хушунат ва ранҷ кашиданҳоро коҳиш медиҳад, ҳаракат ба самти музокироти сулҳ ва гузариши сиёсӣ дар Сурияро эҳё мекунад.” –гуфт Ҷон Керрӣ.

Дар ҷанги дохилии Сурия садҳо ҳазор нафар кушта ва 11 миллион нафари дигар беҷо шудаанд.

Вазири умури хориҷии Амрико дар идомаи сӯҳбаташ гуфт: “Амрико як талоши дигаре барои хотимаи ҷанг дар Сурия мекунад, чун мо бовар дорем, ки Русия ва ҳамкори ман қудрати онро доранд, ки ба режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия фишор биёранд, то ба ин ҷанг поён диҳад, ба сари мизи музокирот биёяд ва сулҳ кунад.”

Созиши оташбас дар Сурия шоми рӯзи 12 сентябр дар рӯзи Иди Қурбон ҳукми иҷро мегирад. Дар сурати риоя шудани оташбас то як ҳафта, Амрико ва Русия кори муштаракро барои ҳадаф гирифтани Ҷабҳаи Нусра, як шарики Ал-Қоида дар Сурия ва гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” шурӯъ мекунанд.

Ҷон Керрӣ гуфт, “Мо бояд ин террористҳоро нобуд кунем.” Ба қавли вазири умури хориҷии Амрико бояд онҳоро ҳадафмандона ва ба шевае аз байн бурд, ки мардуми оддӣ зиён набинанд, на мисли бомборонҳои яксара, ки сабаби осеб дидани мардум ва ҳимояти онҳо аз ҷиноятҳои террористон мешавад.

Созиши оташбас баъд аз чанд соати машваратҳои дохилӣ дар ҳукумати Барак Обама шуд, ки шарту шароити ин тарҳро бипазиранд, ё не. Ҷон Керрӣ гуфт, ду тараф дар ниҳоят ба созиш расиданд, ки парвозҳои ҷангӣ дар минтақаҳоеро қатъ кунад, ки онҷо шӯришиён ҳузур доранд.

Ҳалаб як такягоҳи аслии ошӯбгарони Сурия ба харобазор табдил шудааст.
Ҳалаб як такягоҳи аслии ошӯбгарони Сурия ба харобазор табдил шудааст.

“Бояд ин тарҳ ба истифодаи бомбҳои хӯшаӣ ва бомборонҳои яксара хотима диҳад ва метавонад, табиати муноқишаро дигар кунад.” – гуфт Ҷон Керрӣ. Бар асоси тарҳ, тарафҳои даргир бояд аз роҳи стротегии Кастелло дар шаҳри Ҳалаб хориҷ шаванд ва минтақаи ғайринизомӣ таъсис диҳанд. Айни замон гурӯҳҳои ошӯбгар ва ҳукуматӣ бояд аз тариқи Рамуса дастрасии озод ба ҷануби шаҳри Ҳалабро фароҳам созанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш ҳукумати Сурияро аз нақша огаҳ кардааст ва ҳукумат ҳам гуфтааст, омодаи иҷрояш аст. Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, гурӯҳҳои мухолиф ҳам ишора кардаанд, ки омодаи иҷрои созиш ҳастанд, ба шарте, ки ҳукумати Сурия низ ҷиддияти худро дар ин роҳ нишон бидиҳад.

Вазорати дифои Амрико, ки намояндагонаш чандон аз ҳамкорӣ бо Русия дар Сурия розӣ нестанд, гуфтааст, ки созиши оташбас ва дигар тадбирҳои аввалияро бодиққат назорат мекунад ва сипас ба иҷрои нақши худ мепардозад. Питер Кук, сухангӯи вазорат гуфт, “Пеш аз ҳар гуна ҳамкориҳои эҳтимолӣ, бояд ба тамоми аҳдҳои додаашон вафо кунанд.”

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, сад дар сад бовар надорад, ки созиши оташбас як ҳафта иҷро мешавад, вале агар бишавад, он гоҳ Русия ва Амрико, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба зидди Ҷабҳаи Нусра ва Давлати исломиро ҳамоҳанг мекунанд.

“Мо тавофуқ кардем, ки нерӯҳои ҳавоии Русия ва Амрико ба террористон зарба бизананд. Мо сари минтақаҳое, ки ҳамлаҳо сурат мегиранд, ба созиш расидем. Фақат нерӯҳои ҳавоии Русия ва Амрико дар ин минтақаҳо кор хоҳанд кард.” – гуфт, Сергей Лавров.

Стаффан де Мистура, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Сурия, ки моҳи апрел баъди авҷ гирифтани ҷанг, музокироти сулҳро қатъ кард, гуфт, умедвор аст, ки созиши Амрикову Русия музокиротро дигарбора ба роҳаш бармегардонад. Дар ҷанги дохилии тақрибан 6 солаи Сурия садҳо ҳазор нафар кушта ва 11 миллион нафари дигар беҷо шудаанд.

Марзи Туркияро аз ҷангҷуёни ДОИШ пок кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

XS
SM
MD
LG