Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳалаб пурра дар дасти нерӯҳои Башор Асад аст"


Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсони Сурия мегӯяд, нерӯҳои президент Башор Асад идораи шаҳри Ҳалабро пурра ба даст гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, шӯришгарон дар Ҳалаб гуфтаанд, ихроҷи сокинони осоишта ва шахсоне, ки силоҳҳои худро таслим кардаанд, ҳанӯз ба поён нарасидааст. Ба иттилои хабаргузории Reuters, яке аз нозирони байналмилалӣ гуфтааст, ки мухолифони мусаллаҳи Асад ҳанӯз ҳам дар ғарби Ҳалаб минтақаи на чандон бузургеро идора мекунанд.

Қаблан раҳбарияти ҳайати тиббию башардӯстона гуфта буд, ним ҳазор одам шарқи Ҳалабро, ки тайи 4 соли ахир аз сӯи шӯришгарон идора мешуд, тарк карданд.

Маҷмаи умумии СММ рӯзи чаҳоршанбе тасмим дорад, ки барои таҳияи парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Сурия комиссияи мустақили байналмилалиеро таъсис диҳад. Лоиҳаи қатъномаро Лихтенштейн бо ҳимояти 54 кишвар, аз ҷумла ИМА, Фаронса, Бритониё, Итолиё, Олмон, Туркия ва Арабистони Саудӣ омода кардааст.

Ҳамчунин комиссияе, ки соли 2011 аз тарафи СММ барои таҳқиқи вазъи Сурия ташкил шуда буд, дар робита ба муносибатҳои бад бо сокинони осоишта ва асирон тайи солҳои ҷанги шаҳрвандии ин кишвар як чанд гузоришеро омода кардааст.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG