Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА гуфтааст, Вашингтон аз баргузории гуфтушуниди сулҳи Сурия дар Остона, ки қарор аст, моҳи равон баргузор шавад, истиқбол мекунад.
"Аз музокироти Остона истиқбол мекунем. Умед дорем, ки он имкон медиҳад, то як қадам пеш равем", - гуфтааст Керри 5 январ зимни як нишасти хабарӣ дар Вашингтон.
Вай гуфт: "Стратегияи низомие, ки режими Сурия бо пуштибонии Маскаву Теҳрон пеш мебарад, мӯҳлати ҷангро ба дарозо кашида, тундравҳои бештарро ба миён меорад ва домани ҷангҳоро фарохтар мекунад. Аз ҳамин хотир ҳам ИМА талошҳои дипломатиашро ба хотири коҳиши ихтилофҳо ва ба як ҳукумати муттаҳидаи мардумӣ табдил шудани Сурия идома медиҳад.
Вале мо рақобат намекунем, мо талошҳои музокироти миёни Русияву Туркияву Эронро дастгирӣ мекунем. Музокироти навбатӣ бояд охири январ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон барпо шавад ва баъди ин музокироти воқеии ҷомеаи байналмилалӣ дар Женева баргузор мешавад".
Қарор аст, ин музокирот миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифини Сурия барои қатъи даргириҳо бо ташаббуси Русия ва Туркия баргузор шавад. Нақши Иёлоти Муттаҳида дар ин замина дар нақшаи дувум ба назар гирифта шудааст.
Бояд гуфт, агар музокироти мазкур баргузор шавад, он дар пешорӯи гуфтушуниди сулҳи зери раҳбарии СММ сурат мегирад, ки ба назари фиристодаи махсуси созмон Стаффан де Мистур, қарор аст, моҳи оянда дар Женева барпо шавад.
Миёни ҷонибҳои даргири Сурия бо миёнаравии Москва ва Анқара ҳафтаи гузашта оташбас эълон шудааст.