Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимоми сулҳи Сурия ба дасти Русияву Туркия гузашт


Хабаргузории "Анадолу"-и Туркия бо такя ба манобеи худ навишт, ки Маскав ва Анкара барномаи оташбаси густарда дар қаламрави Сурияро ҳамоҳанг карданд ва онро ба зудӣ дар ихтиёри ҷонибҳои даргир қарор медиҳанд. Бино ба маълумоти манобеи "Анадолу", оташбас нимашаби 29 декабр оғоз мешавад ва тамоми манотиқеро фаро мегирад, ки дар он ҷанг миёни нерӯҳои Башор Асад ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин ҷараён дорад. Оташбас ба гурӯҳҳои террористӣ пахш намешавад.

"Анадолу" мегӯяд, дар сурати пешрафт режими Асад ва мухолифин бо мусоидати Русия ва Туркия, ҳалли сиёсии низоъро баҳс мекунанд. Рӯзи гузашта Остона, пойтахти Қазоқистон, ҳамчун макони гуфтушуниди сулҳи Сурия пешниҳод шуд.

XS
SM
MD
LG