Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Човушоғлу баъзе ҷузъиёти оташбаси Сурияро шарҳ дод


Мавлуд Човушоғлу, Вазири хориҷии Туркия
Мавлуд Човушоғлу, Вазири хориҷии Туркия

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, Туркия ва Русия умедворанд, ки оташбаси саросарӣ дар Сурия то фарорасии Соли Нав барқарор шавад. Човушоғлу рӯзи 29 декабр ба шабакаи телевизионии "AHabar" гуфт, оташбасе, ки ду кишвар мехоҳанд амалӣ кунанд, ҳар лаҳза метавонад ҷорӣ шавад ва Русияву Сурия ҳадаф доранд кафили он бошанд.

Вазири Туркия гуфт, "ҳоло ниҳоӣ нашудааст, ки Эрон ба ҳайси кафил ба он имзо мегузорад ё хайр", аммо афзуд, ки Анкара бо президенти Сурия Башор Асад музокирот намекунад. Човушоғлу дар идома ба шабакаи телевизионии "AHabar" гуфт, ҳамаи ҷангиёни хориҷӣ, бо шумули гурӯҳи шиамазҳаби "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "бояд аз Сурия берун шаванд".

Нерӯҳои "Ҳизбуллоҳ" бо пуштибонии Эрон, якҷоя бо артиши Сурия ба муқобили шӯришгароне мубориза мебаранд, ки Туркия аз аксари онҳо тарафдорӣ мекунад. Изҳороти Човушоғлу як рӯз баъд аз хабари матбуоти Туркия пахш шуд, ки аз омодагии Анкара ба созиши оташбас дар Сурия хабар дод, аммо ҷузъиёти созишномаро ошкор накард.

Туркия ва Русия пештар аз ин оташбаси маҳаллиро миёниҷигӣ карданд, ки ҳадафаш берун бурдани мардуми мулкӣ ва шӯришгарон аз шарқи Ҳалаб буд. Дар ҷанги ҳудудан шашсолаи Сурия ин як гардиши куллӣ ба шумор меояд.

Туркия ва Русия аз гурӯҳҳои ба ҳам мухолифи ҷанги Сурия пуштибонӣ мекунанд, ки то ҳол беш аз 250 ҳазор инсонро қурбон кардааст. Туркия мехоҳад Башор Асадро, ки Русия аз ӯ пуштибонӣ мекунад, сарнагун созад. Аммо ин ду кишвар дар ин авохир ҳамкориҳои танготангро дар масъалаи Сурия ба роҳ мондаанд.

Президенти Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта гуфт, ки Туркия, Русия ва Эрон барои баргузории музокироти сулҳ дар Остона, пойтахти Қазоқистон ризоият доданд.

XS
SM
MD
LG